Нуфузи нарми ғарб дар Осиёи Миёна

Таҳлили хабарӣ

Нуфузи нарми ғарб дар Осиёи Миёна

Таҳлил

Бо афзоиши эҳсосоти зиддиамрикоӣ дар Русия, Амрико ба далели тарс аз афзоиши нуфузи Русия ва Чин ва ба манзури тақвияти нуфузи худ дар Осиёи Миёна, тасмим гирифт таваҷҷуҳи бештаре ба ин кишварҳо дошта бошад.

Абзорҳои аслии нуфузи Амрико, бунёдҳо ва ниҳодҳои мухталиф, созмонҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА), USAID, NDI, Вақфи миллӣ барои демукросӣ, Бунёди Сурус, Хонаи Озодӣ, Бунёди тарвиҷи ҷомеаи бозор, Анҷумани тавсиаи ҷомеаи маданӣ, бунёди ҳуландии Ҳифус, Intl Global Currents Limited, Бунёди Авросиё дар Осиёи Миёна, Муассисаи ҷомеаи бозори Олмон, Бунёди Фредриш ва ғайра ҳастанд.

Аҳдофи расмии кумакҳои ироашуда, ҳифозат аз табиат, мубориза бо эпидемӣ, аз байн бурдани паёмадҳои балоёи табиӣ, муроқибатҳои беҳдоштӣ, омӯзиш, ҳокимияти қонун ва таъмини об эълом шудааст.

Аммо дар воқеият, тамоми ин кумакҳо бо ҳадафи таҳаққуқи манофеи сиёсӣ-хориҷии Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои минтақа, мудохила дар умури дохилии ин кишварҳо, тахриби арзишҳо ва фарҳанги суннатии ҷомеаи Осиёи Миёна ва печидатар кардани равобити ин кишварҳо бо Русия ва Чин сурат мегирад.

Ҳар сол маблағи тахсисёфта аз будҷаи ИМА барои пружаҳои демукросӣ дар Осиёи Миёна дар ҳоли афзоиш аст. Амрико аз ин тариқ метавонад дар умури дохилӣ, бавижа дар ҷараёни интихобот дахолати мустақим дошта бошад.

Кумакҳои ғарбӣ ва амрикоӣ ҳамчунин ба ҳавзаҳои энержӣ, истифода аз об ва муҳити зист, ки иртиботе бо тавсиаи демукросӣ надоранд, аммо ғарбро қодир месозад, то бар манобеи кишварҳои Осиёи Миёна контрол дошта бошад ва тарҳҳои Иттиҳодияи Аврупоро барои эҷоди коридорҳои энержӣ бо давр задани Русия иҷроӣ кунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Калиди муваффақият кадом аст?
Қонуни содаи зиндагӣ

Матолиби пурбоздид