Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур муяссар намешавад

Адаб

Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур муяссар намешавад

Султон Санҷар (аз подшоҳони дудмони Салҷуқӣ) ҳангоме ки вориди шаҳри Кирмон шуд, дарёфт, ки мардуми шаҳр дучори буғзу нороҳатӣ ҳастанд.

Султон ройзанони хешро фаро хонд ва иллатро ҷӯё шуд.

Гуфтанд:

— Бисёре аз кормандони дастгоҳи девонӣ бар мардум фишор оварда ва аз ҷойгоҳи хеш суистифода мекунанд.

Султон ҳамонҷо волии Кирмонро барканор намуд, бо ин ки аз наздиконаш буд ва ба ҷойи ӯ яке аз атобакон (ришсафедон)-ро бар кор гуморид.

Гурӯҳе аз кормандони мӯътариз назди султон омада ва гуфтанд:

— Сардии мардум аз кормандони пойин аст, на аз ҳокими рашиди Кирмон.

Султон Санҷар хандид ва гуфт:

— Мардум он қадр доно ҳастанд, ки мефаҳманд, бадкирдории кормандон бархоста аз пуштибони онҳост, (ки волӣ аст).

Сипас идома дод:

— Ободонии кишвар бо мардуми ранҷур роҳ ба ҷойе нахоҳад бурд.

Султон Санҷар, аз подшоҳони дудмони Салҷуқиён, ба некӣ пай ба решаи дард бурда ва онро бартараф намуд.

(Манбаъ: «Кашкули Миёнҷӣ»)

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Парҳез аз одоби ҷоҳилӣ
Шуморо ба чӣ унвон садо кунем?

Матолиби пурбоздид