Одоби сухан гуфтан
Одоби сухан гуфтан аз забони Хоҷа Насир
Сайидюнус Истаравшанӣ
Хоҷа Насируддни Тӯсӣ (р) дар китоби шарифи “Ахлоқи Носирӣ”-и худ дар бораи одоби сухан гуфтан гӯяд:
“Бояд, ки бисёр нагӯяд. Ва сухани дигаре (яъне сухани як одами дигарро) ба сухани худ қатъ накунад. Ва ҳар ки ҳикояте ё ривояте кунад, ки ӯ бар он воқиф бошад, вуқуфи худ бар он изҳор накунад, то он кас он сухан ба итмом расонад. Ва чизеро, ки аз ғайри ӯ пурсанд, ҷавоб нагӯяд. Ва агар суол аз ҷамоате кунанд, ки ӯ дохили он ҷамоат буд, барояшон сибқат нанамояд. Ва агар касе ба ҷавоб машғул шавад ва ӯ бар беҳтар аз он ҷавоб қодир буд, сабр кунад, то он сухан тамом шавад, пас ҷавоби худ бигӯяд бар ваҷҳе, ки дар мутақаддим (ҷавобдиҳандаи пеш аз худ) таън накунад. Ва дар маҷороте (гуфтугӯе), ки бо ҳузури ӯ миёни ду кас равад, хавз нанамояд (яъне дахолат накунад). Ва агар аз ӯ пӯшида доранд, истироқи самъ накунад (яъне оҳиста ба он гӯш накунад) ва то ӯро бо худ дар он сирр мушорикат надиҳанд, мудохила накунад.
Ва бо меҳтарон сухан ба киноят гӯяд (яъне бо эҳтиром гӯяд). Ва овоз на баланд дорад ва на оҳиста, балки дар эътидол нигоҳ медорад. Ва агар дар сухани ӯ маънӣ ғомиз (душвор) афтад, дар баёни он ба мисолҳои возеҳ ҷаҳд (саъй) кунад, ва илло шарти эҷоз нигоҳ дорад ва алфози ғариб ва киноёти номустаъмал ба кор надорад. Ва то сухане, ки бо ӯ тақрир (баён кардан) мекунанд тамом нашавад, ба ҷавоб машғул нагардад. Ва то он чи хоҳад гуфт дар хотир муқаррар нагардонад, дар нутқ наёварад (яъне бе андеша сухан накунад). Ва сухан мукаррар (ба такрор) накунад магар ки бад-он мӯҳтоҷ шавад, ва агар бад-он мӯҳтоҷ шавад, изтироб нанамояд ва фуҳшу шатм бар лафз нагирад ва агар ба иборат аз чизе фоҳиш музтар гардад (яъне маҷбур шавад), бар сабили таъриз киноят кунад аз он ва мизоҳи мункар накунад.
Ва дар ҳар маҷлисе сухан муносиби он маҷлис гӯяд. Ва дар аснои сухан, ба дасту чашму абрӯ ишорат накунад, магар ки ҳадис иқтизои ишорате латиф кунад, он гоҳ онро бар ваҷҳ адо кунад. Ва дар росту дурӯғ бо аҳли маҷлис хилоф накунад ва лиҷоҷ накунад, хосса бо меҳтарон ё бо сафеҳон. Ва касе, ки илҳоҳ (пойфишорӣ ва исрор) бо ӯ муфид набуд, бар ӯ илҳоҳ накунад. Ва агар дар мунозира ва маҷорот тарафи хасмро руҷҳон ёбад (яъне ӯро бар ҳақ бинад), инсоф бидиҳад. Ва аз мухотабаи авом ва кӯдакон ва девонагон ва мастон то тавонад эҳтироз (парҳез) кунад. Ва сухани борик (дақиқ) бо касе, ки фаҳм накунад, нагӯяд. Ва лутф дар муҳовира нигоҳ дорад ва ҳаракоту ақвол (суханони) ҳеч касро муҳокот накунад ва суханҳои муҳиш (вашҳатзо) нагӯяд…
Ва аз ғайбат ва наммомӣ (суханчинӣ) ва бӯҳтону дурӯғ гуфтан таҷаннуб (дурӣ) кунад, чунонки ба ҳеч ҳол бар он иқдом нанамояд ва бо аҳли он мудохил (худро омехта) накунад ва истимоъи онро кориҳ (нописандида) бошад ва бояд, ки шунидан ӯро аз гуфтан бештар (кориҳ) бошад. Аз ҳакиме пурсиданд, ки чаро истимоъи ту аз нутқ зиёдат аст (бештар аст)?, гуфт: “зеро, ки маро ду гӯш доданд ва як забон, яъне дучандон, ки гӯӣ, мешунавӣ.”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: