Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (3)

Озодаи фаротар аз дину мазҳаб – (3)
Ҳодисаи Карбало
Бахши Севвум
Ифрот ва тафрит
Имрӯз, дар робита бо ҳодисаи Карбало, лозим медонам як нуктаро ёдовар бишавам; нуктае, ки ба назарам зарурист.
Ва он ин ки: бештари мо, мусалмонон, дар гаройиши худ, ё роҳи ифротро пеш гирифтаем ва ё роҳи тафритро, бисёр андак ва ангуштшумор ҳастанд касоне, ки мӯътадиланд.
Дар мавриди моҷарои Имом Ҳусайн ва шаҳодати ӯ – ки арз шуд, ки ин рухдод танҳо махсуси шиъаён нест, балки ҳамаи мусалмонон аъам аз шиъаву суннӣ бояд аз он дарс биомӯзанд – ҳамаи мо ин ифроту тафритро ошкоро ламс мекунем.
Гиромидошти ёди Имом Ҳусайн дар ин айём чунин нест, ки ҷиғу фарёд кашида ва барои он имом эҳсосоти холӣ аз маъно иброз ва тавре вонамуд бишавад, ки гӯӣ пайравони соири мазоҳиби исломӣ қотилони Имом Ҳусайн ва дунболаравони Язид ҳастанд. Ин аст ифрот.
Ва аз он сӯй ҳам, набояд роҳи тафритро пеша кард, яъне ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч, саъй бишавад аслан ёде аз Имом Ҳусайн нашавад ва ҳодисаи Карбало ва шаҳодати он солор, ба куллӣ ба фаромӯшӣ супурда шуда ва аз зеҳнҳо маҳв гардад. Ин тафрит аст.
Зеро, бино бар ривоёти саҳеҳа, ки дар ду ёддошти пешин овардам, гиромидошти ёди Ҳусайн ва зинда нигаҳ доштани номи ӯ ва таъкид бар он, меросе барҷоймонда аз худи Паёмбари Акрам (с) аст.
Ва ин ҳам, ки гуфта мешавад, чаро ин ҳама исрор бар ин амр, дар ҳоле ки дигарон ҳам дар роҳи дин шаҳид шудаанд?, посухаш он аст, ки ҳодисаи Карбало ва қиёми Имом Ҳусайн ва шаҳодати ӯ – ки наҳва ва чигунагии он ҷигари инсонро хун мекунад ва ба ҳамин хотир ҳазрати Паёмбар (с) барои он ашк мерехтанд – дарсҳое барои мо, мусалмонон меомӯзад, ки бо ёди Имом Ҳусайн дар ҳар сол, ин дарсҳо таҷдид мешаванд, то аз ёдамон наравад ва бидонем, рисолати мо кадом аст.
Ва он дарс ин аст, ки: Имом Ҳусайн бо қиёмаш собит кард, ки мусалмон бояд озода бошад ва ба ҳеч ваҷҳ набояд зери бори зулму ситам биравад. Мусалмон воҷиб аст, ки дар баробари ҳокими золим ва ситампеша ва ҷоир қиём кунад; бо забонаш, бо қаламаш ва ҳатто бо шамшераш. Ва дар ин роҳ омодаи фидо кардани ҷону мол ва ҳатто фарзандони худ бошад, чунонки Имом Ҳусайн ҳамин корро кард.
Агар Имом Ҳусайн қиём намекард, имрӯза мо на суннӣ доштем ва на шиъа ва асосан мусалмоне дар рӯйи замин дигар боқӣ намонда буд. Ба тасреҳи манобеъ ва кутуби таърихӣ, Язид касе буд, ки Каъбатуллоҳро бо манҷаниқ гулӯлаборон кард ва ба Мадина, шаҳри Паёмбари Худо (с), юриш бурд ва ҳазорон саҳобӣ ва тобеъинро кушт ва сипоҳаш ба занони мусалмон таҷовуз карданд ва ҳазорон зинозодаҳо аз он таҷовузҳо ба дунё омаданд. Оё касе метавонад ин ҳақоиқро инкор кунад?!
Ҳол, агар алайҳи ин халифаи ситампеша қиём намешуд, оё медонед ҳоли ислом ва мусалмонон ба куҷо мерасид?! Язид, масалан халифаи мусалмонон буд. Фарде шаробхор, маймунбоз ва фосиқ ва фоҷир. Оё касе метавонад ин ҳақиқати таърихиро инкор кунад?!
Имом Ҳусайн алайҳи инчунин халифае қиём кард ва бо хунаш умматро наҷот дод.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Футуввату ҷавонмардӣ
Орзуҳо чӣ гуна бароварда мешаванд?

Матолиби пурбоздид