Озодии баён дар ҳукумати Алӣ

Таърих

Озодии баён дар ҳукумати Алӣ

Мабоҳиси иҷтимоӣ

Озодии баён дар садри ислом ва дар сояи ҳукумати исломӣ (ба хусус дар даврони ҳукумати ҳазрати Паёмбар (с) ва чаҳор халифаи аввал) назире дар ҷаҳон чӣ дар гузашта ва чӣ дар имрӯз надорад, аммо бо ин ҳама, он чи имрӯза дар ғарб дида мешавад, метавон гуфт, бо ин ки идеол нест, вале наздик ба фазое аст, ки дар садри ислом дар ҷомеаҳои исломӣ вуҷуд дошт. Ва ҳамин омил бешак яке аз сабабҳои бақо ва пойдории ҳукуматҳои ғарбӣ баъд аз реннесанс аст.

Ба хилофи ҷомеаҳои мусалмон дар имрӯз, ки на танҳо ҳукуматҳои онҳо исломӣ нест, балки онҳо бо мусалмонони садри ислом дар ин ҷиҳат аз замин то ба осмон фарқ мекунанд. Ба сухани дигар, шумо озодии баёнро на танҳо дар ҳукуматҳои мусалмон намебинед, балки дар миёни мардум ва ҷомеаҳои мусалмон – қатъи назар аз ҳукуматҳои онон – низ ба унвони як падидаи манфӣ мебинед; ба унвони чизе мебинед, ки гӯӣ ислом бо он мухолиф аст.

Албатта, инро ҳам арз кунам, ки ҷомеаҳои ғарбӣ ва ба тариқи авло, ҳукуматҳои онон, агар дар ин ҷиҳат (озодии баён) вазъи матлубе доранд, дар ҷиҳоте дигар суқут кардаанд, ки бетардид сабаби завол ва нобудии онҳо мегардад. Дар ин ҷиҳат дар оянда баҳс хоҳам кард. Дар ин қисмат аз ёддошт аммо ва дар идомаи баҳси гузашта, бо такя бар манобеи таърихӣ ба яке-ду намуна аз вуҷуди озодии баён дар ҷомеаи исломӣ дар садри ислом ишора хоҳам кард:

Алӣ ва мухолифон

Таомули ҳазрати Алӣ дар замони хилофаташ бо Хавориҷ дар ин ҷиҳат беназир аст. Баъд аз ҷараёни ҳакамият, (ки достонаш муфассал аст), гурӯҳе аз сипоҳиёни Алӣ аз ӯ ҷудо шуданд ва гуфтанд, Алӣ ба хотири пазириши ҳакамият кофир шудааст. Хавориҷ дар изҳори ақида озод буданд. Меомаданд дар масҷид ва дар ҳангоми суханронӣ ва хитобаи ҳазрати Алӣ, фарёд мекашиданд, ки Алӣ кофир аст!

Рӯзе Алӣ бар минбар буд, марде омад ва суоле кард, Алӣ ҷавоб гуфт. Яке аз Хавориҷ аз байни мардум фарёд зад:

“Худо бикушад ин кофирро (яъне Алиро), ки чӣ қадр донишманд аст!”

Дигарон хостанд монеаш шаванд, аммо Алӣ фармуд: “Раҳояш кунед, ӯ танҳо ба ман дашном дод”.

Алқама ибни Омир ривоят мекунад, рӯзе аз Алӣ дар бораи Хавориҷ пурсиданд, ки оё мушриканд?

Фармуд: На! Онон мушрик нестанд ва аз ширку куфр ба дуранд. Пурсиданд: Оё мунофиқанд?

Фармуд: На! Мунофиқон бисёр кам Худовандро ёд мекунанд, аммо Хавориҷ аҳли зикру ибодатанд.

Пурсиданд: Пас онон чӣ касоне ҳастанд, эй амири мӯъминон?! Фармуд: Бародарони мусалмони мо ҳастанд, ки ба сабаби саркашӣ ва шӯришашон алайҳи мо, бо онҳо муқобила кардаем. (Ибни Касир, Ал-бидоя ван-ниҳоя, 7/290, Ашшомила).

Бино бар он чи дар “Мусаннаф”-и Ибни Абишайба омадааст, ҳазрати Алӣ ба онон гуфт:

1) монеи намоз хондани шумо дар ин масҷид (масҷиди ҷомеи Кӯфа) намешавем;

2) шуморо аз саҳматон аз байтулмол маҳрум наме‏кунем;

3) бо шумо намеҷангем, модоме ки бо мо ҷанг накунед. (Мусаннафи Ибни Абишайба, 15/327-328, Ашшомила).

Бинобар ин, то замоне ки Хавориҷ даст ба шамшер набурданд ва музоҳими афрод дар ҷомеа намешуданд, озод буданд. Аммо вақте музоҳимат эҷод карданд ва шиками ҳамсари бордори яке аз саҳобаро пора карданд, Алӣ низ ба унвони ҳокими мусалмонон вазифа дошт, ҷилави бебандуборӣ ва ҳарҷу марҷи онҳоро бигирад. Ӯ ин корро кард ва бо онон ҷангид ва аз байнашон бурд ба ҷуз афроде ангуштшумор аз онҳо, ки зинда монданд ва баъд фарде аз ҳаминҳо ҳазрати Алиро кушт.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ихтирооти Мусалмонон
Мулоқоти расмии Раҳмон ва Мишустин

Матолиби пурбоздид