Озодии зан аз дидгоҳи ислом

 

Озодии зан аз дидгоҳи ислом

Озодии ақида ва назар барои занон, дар мантиқи дин

Паёмбарон барои роҳнамоӣ ва ҳидояти мардум ва кашондани онҳо ба сўи сироти мустақими илоҳӣ мабъус шудаанд ва наздиктарин афрод ба онҳо ҳамсаронашон буданд, ки ҳидоят ва иршоди онҳо қатъан дар марҳалаи аввал аз масъулияти онон қарор доштааст. Вале дар айни ҳол мушоҳида мешавад, ки баъзе аз ҳамсарони Паёмбарон ба даъвати шавҳаронашон посухи мусбат надода ва дар гумроҳии худ боқӣ монданд. Масалан Қуръон мефармояд:

«Худованд мисол зад барои кофирон, ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лутро, ки шавҳаронашон бандагони шоистаи Худо буданд, вале он занон ба шавҳаронашон хиёнат карданд, ки ҷойгоҳи онон дар оташ аст».

Яъне Паёмбарони бузургворе чун Нуҳ ва Лут натавонистанд ҳамсаронашонро бар сироти мустақими илоҳӣ ҳидоят намоянд ва ин нишонгари асли муҳимми озодии зан аст, ба ин маъно, ки ў низ метавонад дар интихоби ақида ва дину мазҳаб озод бошад.

Сипас Қуръони Маҷид ба намунаи дигари озодӣ, ки ҳамроҳ бо огоҳӣ ва арзиш аст, ишора мекунад ва мефармояд:

«Ва Худованд мисол зад барои мўъминон ҳамсари Фиръавнро».

Яъне ҳамон Фиръавне, ки иддаои худоӣ мекард, натавонист ҳамсарашро низ бо ақидаи фосиди худ мувофиқ намояд ва он зан бо тамоми вуҷуд ба Худо имон овард.

Бинобар ин, маълум мешавад, ки муҳимтарин ва аввалин дастури дин, озодии ақида ва назар аст ва зан ҳам мисли мард метавонад ончиро аз ақида ва дину мазҳаб мехоҳад, бипазирад. Қуръони Маҷид намунаҳое аз озодии акидаро барои мо тавзеҳ додааст, масалан, бо он ки Ислом маснади ҳукумат ва раҳбариро бар занон шоистаю муносиб намедонад, вале дар Қуръон қиссаи Билқис ва ҳокимияти ў баён шудааст, то намунае аз мудирияту кишвардории занро нишон диҳад.

Мефармояд:

Сулаймон номае барои ў фиристод ва дар он навишт: Ин нома аз Сулаймон аст ва бо номи Худованди Раҳмону Раҳим ағоз шуда ва эълом медорад, ки бар ман бартарӣ маҷўй ва таслими ман шав.

Чун нома ба он зан расид, гуфт:

Ман тасмими ниҳоиро намегирам, то бо бузургони кишварам машварат намоям. Бузургони лашкари ў эълони омодагӣ барои ҷанги сахтро намуданд, вале дар охир гуфтанд, ки ту ҳокими мо ҳастӣ ва ҳар тасмиме бигирӣ мо иҷро мекунем.

Он зан гуфт:

Гумон мекунам беҳтар бошад, ҳадяҳое барояш фиристем, агар қабул кард маълум мешавад, ки толиби дунё мебошад ва…

Ин тасмим нишондиҳандаи фикри амиқи Билқис аст, ки ибтидо мехоҳад табиат ва зоти Сулаймонро бишносад, ки оё ў подшоҳе золим ва ҷаббору дунёпараст аст, ё дар паи амри ухравӣ ва илоҳӣ мебошад.

Ҳадяҳое фиристод, Сулаймон онҳоро напазируфт ва фармуд:

Оё барои ман моли дунё мефиристед, дар ҳоле, ки он чӣ Худо ба ман додааст, ба маротиб беҳтар аз дунё мебошад ва шумо ҳастед, ки бо ҳадяҳо шод мешавед на ман.

Чун хабар ба Билқис расид, гуфт:

Мо ба сўи ў меравем ва таслим мешавем, зеро ў инсоне аст, ки толиби дунё ва молу манол нест, балки даъвати маънавӣ ва илоҳӣ дорад.

Сулаймон ба ҷинҳо, ки ҳамаи онҳо аз ў фармонбардорӣ мекарданд, дастур дод то қабл аз расидани Билқис тахту боргоҳи ўро биёваранд…

Мо аз ин ҷараён ба хубӣ истифода мекунем, ки чӣ гуна як зан тавонист бо ақлу заковати худ беҳтарин ва саҳеҳтарин роҳ ва тасмимро бигирад.

Ва нишонаи дигаре аз ҳушу заковати ў он аст, ки чун назди Сулаймон расид, гуфт:

Ин тахту боргоҳ монанди тахту боргоҳи ман аст, аммо ман онҳоро дар кишвари худ раҳо кардам ва ин ҷо омадам…

Ба ҳар ҳол ин мисолест, ки Қуръони Маҷид дар мавриди ҳуррият ва озодии зан дар тафаккуру тадаббур ва ҳокимият баён кардааст.

Дар баёни дигар, Қуръони Маҷид аз интихоби баъзе аз занон монанди мардон аз тарафи Худои Мутаол сухан меронад. Масалан ҳазрати Марям ва модари ҳазрати Мўсоро интихоб намуда ва онҳоро ба умуре вазифадор менамояд, то анҷом диҳанд ва онҳо низ ба хубӣ аз ўҳдаи маъмурияти илоҳӣ мебароянд.

Пас зан, ҳамон гуна ки аз ҷанбаи ақида озод мебошад, ҳамчунин барои пешниҳоди чора ва роҳи ҳалли саҳеҳ дар ҷое, ки мардҳо аз ўҳдаи гирифтани тасмими дуруст дармонда мешаванд, озод буда ва низ барои интихоб аз тарафи Худованди Мутаол мебошад.

Ва чун Ислом омад, ба озодӣ ва вобаста набудани занон баҳои бештаре дод ва умури бисёреро байни занону мардон ба сурати муштарак қарор дод, агарчӣ баъзе аз умурро махсуси мардон ва баъзе дигарро ихтисос ба занон дод.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Толибон пирӯзии Пизишкиёнро табрик гуфт
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Давлати шаҳид Раисӣ, давлати кор ва умед ва ҳаракат буд”

Матолиби пурбоздид