Озодии тарроҳишуда!

Таҳлили хабарӣ
Озодии тарроҳишуда!
Сайид Алиакбар Бурҳонов
Чанд соли пеш як филми ҳоливудӣ дида будам, ба номи “The Truman Show”.
Достони ин филм аз ин қарор буд, ки як шахс дар дунёи худаш зиндагии рӯзмарра ва рутинии худашро мекард то он ҷое, ки шак мекунад дунёе ки дар он зиндагӣ мекунад, табиъист ё сохта ва тарроҳишудаи чанд нафар!!
Ин масъала онҷое таъйид мешавад, ки ин шахс тасмим бар шикастани рутин мегирад ва мехоҳад аз он дунёи сохташуда берун ояд, ки бо ҳазорон мушкил мувоҷеҳ мегардад.
Ман ба ин натиҷа расидаам, ки ҳақиқатан ҳамин гуна аст ва дунёи ҳуқуқибашарӣ ва озодихоҳии ғарб, як дунёи тарроҳишуда аст, ки ҳатто мутолиботи афродро тарроҳӣ карда ва дар ҳамон контекси таърифшуда афрод ҳарфҳояшонро зада ва аз назари зеҳнӣ ирзо мешаванду тамом! Аммо агар ҳамин афрод бо пешфарзи озодии баён, масъалаеро мутолиба кунанд, ки аз рутини таърифшуда хориҷ аст, онгоҳ мебинанд ки дар як замини бозии бузург дар ҳоли зиндагӣ будаанд!
Масъалаи Фаластин беҳтарин исботкунандаи ин иддиъо шуд, дидем ки ғарби озод ба бастатарин фазо барои ҳомиёни Ғазза бадал гашт ва ин бар касе пӯшида нест.
Дар ин миён масъалае, ки бароям бисёр аҳамийят дорад, вокуниши тоҷикони маслан “Озодихоҳ” аст. Бар касе пӯшида нест, ки аз замони оғози фоҷиъаи инсонӣ дар Фаластин, аз тоҷиқони озодихоҳ, чӣ ҷараёноте мисли “ПМТ”,“Наҳзат” ва “Ислоҳ” бошад ва чӣ афроди саршиноси ин ҷараёнот чизе шунида нашуд ба ғайри аз чанд нафар. На танҳо ҳарфе назаданд, балки то як кас мутолиба ҳам мекард, бо тамоми тавон аккуантҳои фейсбукии тарафдоронашон диктатормаъобона ба самти он шахси мутолибагар ҳамла карда, барои пушонидани айби худашон, таънаю ҳақорату бадгӯӣ мекараданд масалан нисбат ба Эрон, ки чаро пас Эронатон Исроъилро дар дарё ғарқ накард!! Во аҷабо аз ин мантиқ.
Аммо ҳамин ҷамоат, барои масъалаи Укройн гиребон пора карда раги гарданашон кафида худро ба обу оташ мезананд ва ин ҳамон озодии тарроҳишуда аст!
Беҳиссии ин озодихоҳон дар қиболи Фаластин, ё аз рӯи маҳдудияту иҷбор тавассути ҳамон Ғарб аст, ё аз рӯи боварӣ ба ҳамон Ғарб.
Агар масъала иҷбор ва маҳдудияти Ғарб аст, ҳадди ақал инро бипазиред ва бо беинсофӣ ба касоне ки ҳарф мезананд натозед. Агар ҳам ҳанӯз Ғарбро маъдани озодӣ мепиндоред, аз хоби ғафлат бархезед ва ин сукути нафратомезу дилбеҷокунакро шиканед ва ба садои вуҷдонатон гӯш диҳед!!
Ва аммо агар касе барои бархе манофеъ, сукут кардааст, бояд гуфт, ки касе агар барои ҳар манфиъате метавонад чашм бар ин ҷиноят бандад, ба ҳеч ваҷҳ дилсӯзи ҳамватанаш ҳам нест, қатъан агар манофеъаш дар кушташудани 300 ҳазор тоҷик ҳам бошад, баҳонае барои чашмпӯшӣ хоҳад сохт!!
Ва тарафдорони ин афроду ҷараёнот инро бидонанд, ки мо одамон бояд аз арзишҳоямон тарафдорӣ кунем ва агар ҳамин арзишҳо дар ҷараён ва фарде вуҷуд дошт, бо он ҳамсӯ шавем, на инки чун фалон касаку фалон созмонро қабул дорем чашм бар ҳамаи айбҳояш бипӯшем.
Худованд ҳамаро ҳидоят намояд, ки ӯ огоҳтар аст!
А.Бурҳонов
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арабистони Саудӣ ба Телавив нафт ирсол кардааст
Ансоруллоҳи Яман мушаки фаросавт озмоиш кардааст

Матолиби пурбоздид