Озодии Фаластин масъалаи аслии Яман аст
Ансоруллоҳи Яман: Ҷанг вориди марҳилаи ҷадиде шудааст
Ахбори байналмилал
Ишғолгарон баҳои сангине хоҳанд пардохт
Озодии Фаластин масъалаи аслии Яман аст
Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви аршади ҷунбиши Ансоруллоҳ, бо таъкид бар идомаи ҳимояти Яман аз Ғазза ба ҳар қимате, гуфт: “Ҷанги мо бо душмани саҳюнистӣ, вориди марҳилаи ҷадиде шудааст ва ишғолгарон ба хотири ҷинояте, ки дар терури мақомоти яманӣ муртакиб шуданд, баҳои сангине хоҳанд пардохт.”
Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман тай суханоне дар бораи шаҳодати ҷамъе аз мақомоти ин кишвар дар пайи ҳамлаи теруристӣ ва ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба як мақарри давлатии ғайринизомӣ, эълом кард: “Ҳадаф қарор додани ҷаласаи давлати Яман, баёнгари убур аз хутути қирмиз аст ва ҷанг вориди марҳилаи ҷадиде шудааст ва мо интиқом хоҳем гирифт.”
Муҳаммад ал-Бухайтӣ дар гуфтугӯ бо ин шабака изҳор дошт: “Амали мо муқаддам бар гуфтори мост ва озодии Фаластин, масъалаи аслии Яман аст ва суханони ахири Маҳдӣ ал-Машшот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман, бар мавзеъи қотеъи кишвари мо дар ҳимоят аз Фаластин ва Ғазза таъкид мекунад.”
Вай афзуд: “Ишғолгарони саҳюнист қодир ба шикастани иродаи миллати Яман нахоҳанд буд ва мо ба ҳар қимате ба ҳимоят аз Ғазза идома медиҳем. Яман имрӯз дар вазъияти ҷангӣ қарор дорад ва заработи зиёде ба душман ворид кардааст ва ин ки мо ҳам заработе дарёфт кунем, амре қобили пешбинӣ буд.”
Ин масъули Ансоруллоҳ тасреҳ кард: “Яман дар муҷозоти Ангилис ва Омрико муваффақ будааст ва ҳамин корро бо душмани саҳюнистӣ ҳам анҷом хоҳад дод. Яман ҳамчунон ба тавсиаи қобилиятҳои мушакии худ идома медиҳад ва бо вуҷуди фидокориҳои зиёд, ба пирӯзиҳои чашмгире даст ёфтааст.”
Ал-Бухайтӣ дар идома гуфт: “Набарди кунунӣ набарди сарнавиштсоз аст ва душмани саҳюнистӣ баҳои ҳадаф қарор додани нахуствазир ва вузарои яманиро хоҳад пардохт.”
Қаламонлайн