Озори мастии миз

Озори мастии миз

Шумо бетардид иттилоъ доред, ки як мудири русӣ ба таври куллӣ ва як навмудири русӣ бавижа, яъне мудире, ки ба истилоҳ тоза аз танур берун омада ва тоза пушти мизи мудирият нишонда шуда бошад, яъне чӣ, аммо баид медонам, ки ба таҷрибаи шахсе бо озори мастии миз ошно шуда бошед ва бидонед, ки ин озори мастӣ чӣ гуна чизест…

Яъне як одами бесарупои бесаводи мафлукро бигузоред пушти як миз, ё як боҷа, ки билети роҳи оҳан ё чизи бемиқдоре мисли он бифурӯшад. Ҳамин одами фалакзада фавран худро ҳақдор медонад, ки худоӣ кунад ва ба шумое, ки меравед билет бихаред аз тораки тахти ҷабарути худ ба чашми таҳқир нигоҳ кунад ва нигоҳи саршор аз нихваташ дод мезанад, ки: «Ҳоло сабр кун то нишонат диҳам!»… Ва аз ҳамин маст мешавад. Озори мастии миз ҳамин аст.

Достоевский

(Шаётин (Ҷинзадагон); тарҷумаи Суруш Ҳабибӣ / Нашри Нилуфар / саҳ. 80—81)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абӯубайда: Терур, поёни муқовамат нест
Ҷанги ҷаҳонӣ

Матолиби пурбоздид