Оини давлатдорӣ дар ислом
Аҳдномаи Алӣ ибни Абӯтолиб (к) ба Молики Аштари Нахаӣ
Бахши аввал
Эй кош равишу шеваи ҳукуматдории исломӣ мавриди таваҷҷӯҳи зимомдорон ва сиёсатпешагони замон қарор бигирад!
Яке аз баргҳои заррини даврони ҳукумати хулафои рошидин, номаест, ки Имом Алӣ (к) ҳангоми супурдани фармонравоии Миср ба яке аз ёронаш ба номи Молики Аштари Нахаӣ, дар қолаби паймонномае ба вай навиштааст. Дар чанд навиштор, аҳдномаи ёдшударо пешкаши хонандаи азиз менамоем.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ин фармони бандаи Худо Алӣ амири мӯъминон, ба Молики Аштар писари Ҳорис аст ҳангоме ки ӯро фармондори Миср интихоб кард, то умури он диёрро ислоҳ кунад ва бо душманонаш биҷангад ва ба кори мардуми он диёр расидагӣ ва шаҳрҳои Мисрро обод созад.
1 – Зарурати худсозӣ
Ӯро ба тарс аз Худо фармон медиҳам ва ин ки итоати Худоро бар дигар корҳо муқаддам дорад ва он чи дар китоби Худо аз воҷибот ва суннатҳо омада, пайравӣ кунад; дастуроте, ки ҷуз бо пайравии он, растгор нахоҳад шуд, ва ҷуз бо нашинохтану аз байн бурдани он, ҷинояткор нахоҳад гардид.
Ба ӯ фармон медиҳам, ки Худоро бо дилу дасту забон ёрӣ кунад, чун Худованд зомини пирӯзии касест, ки Худоро ёрӣ кунад ва бузург дорад касеро, ки ӯро бузург шуморад.
Ба ӯ фармон медиҳам, ки нафси худро аз пайравии орзуҳо боздорад ва ҳангоми нофармонӣ, ромаш кунад (ки Худо фармудааст:) “Ҳамоно нафс ҳамеша соҳибашро ба бадӣ амр мекунад магар он ки Худо раҳм кунад”.
Эй Молик! Бидон, ки ман туро ба диёре фиристодам, ки пеш аз ту давлатҳои одил ва ё золиме бар он ҳукм ронданд. Мардум ба корҳои ту чунон менигаранд, ки ту ба корҳои ҳокимони пеш аз худ менигарӣ. Дар бораи ту чизеро мегӯянд, ки ту дар бораи раҳбарони қабл аз худ мегӯӣ.
Ҳамоно некӯкоронро бо номи неке метавон шинохт, ки Худо аз онон бар забони бандагонаш ҷорӣ намуд. Пас некӯтарин захираи ту бояд амалҳои солеҳ бошад.
Ҳавои нафсро дар ихтиёр гир ва аз он чи ҳалол нест, худдорӣ кун, чун бухл варзидан ба нафси худ он аст, ки дар он чи дӯст дорад ё бадаш меояд роҳи инсофро интихоб кунӣ.
Идома дорад…
Қаламонлайн