Оини шукргузорӣ
Ба номи Худованди Меҳрубон
Худовандо, то ҳоло нашудааст, ки аз ту чизе бихоҳам ва ту ба ман надиҳӣ.
Бениҳоят аз ту мамнунам, Худои якто.
Худовандо, эй ишқи мутлақ, барои тамоми неъматҳо ва раҳматҳое, ки ба ман ато фармудӣ, бениҳоят то бениҳоят шукргузорӣ мекунам.
Ҳатто он неъматҳо ва раҳматҳое, ки ба ман ато кардию ман хабар надорам.
Худоё, аз ту бениҳоят муташаккирам.
Худоё шукрат, Худоё шукрат, Худоё шукрат.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: