Олмон дарҳои худро бар рӯи муҳоҷирон боз мекунад
Муҳоҷират
Олмон дар остонаи тасвиби қонуни ҷадиде барои додани шаҳрвандист, ки гирифтани тобеияти ин кишварро барои хориҷиҳо осонтар мекунад.
Бар асоси пешнависи ин қонун, ки қарор аст дар порлумон ба баҳс гузошта шавад, ба муҳоҷирон ин имкониятро медиҳад, ки на танҳо пас аз панҷ соли иқомат дар Олмон (ба ҷойи ҳашт соли феълӣ) барои шаҳрвандӣ дархост диҳанд, балки афроди дорои маҳорат дар забони олмонӣ пас аз се сол метавонанд барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар дархост диҳанд.
Гуфта мешавад, ки ин қонун, дар чаҳорчуби ислоҳи сиёсатҳои муҳоҷиратӣ ва бо ҳадафи тақвияти нерӯи кории рӯ ба коҳиш дар ин кишвар таҳия шудааст.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн