Омад баҳор
Омад баҳору рафт дай, бишкуфт гул аз хорҳо
Соқӣ, биё бо ҷоми май, биншин дар ин гулзорҳо
Бикшой оғуши назар осори раҳматро нигар
Бар сабзаҳо гулбарги тар афтода дар кӯҳсорҳо
Садбаргҳои оташин бар рӯи ин хазрозамин
Чун тӯтиён бинҳода бин, бар боли худ минқорҳо
Ҳастанд мурғони чаман дар зикри Ҳаййи Зулминан
Чун мутрибони анҷуман, бо савти хуштакрорҳо
Бар гардани аҳли ҳасад печида ҳабли мин масад
Бар ҳар тане офат расад, аз шумии кирдорҳо
Сайри чаман кун, Ҷавҳарӣ, то сӯи маънӣ пай барӣ
К-андар нуқуши зоҳирӣ бинҳодаанд асрорҳо.
(Девони ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: