Омодабоши “Исроил” аз тарси посухи Яман
Ахбори байналмилал
Режими Исроил бо таваҷҷӯҳ ба эҳтимоли посухи нерӯҳои муқовамати Яман ба аввалин ҳамалот ба хоки ин кишвар, вазъияти омодабошро дар бахшҳои муҳим ва истротежики худ афзоиш додааст.
Ба гузориши хабаргузории шабакаи Алъолам, Абӯиҳоб, шаҳрванди яманӣ ба ин шабака гуфт: “Режими саҳюнистӣ дар ҷуброни ҳамлаи паҳподи ямании “Ёфо” ба Телавив, даст ба ин ҷиноят задааст, аммо ҳар қадр, ки муртакиби ҷиноят шаванд ва ҳар қадр, ки даст ба ҳамалоти ҳавоӣ бизананд, мо дар канори Ғазза мемонем.”
Дуктур Абдурразоқ ал-Мазвоҳӣ, дигар шаҳрванди яманӣ гуфт: “Мо ба умқи марг меравем ва омодаем, ки дар роҳи Худо ҳатто агар аъзои баданамон тикка-тикка шавад ва ҷисмамон ҳамчун гарду ғубор дар ҳаво пароканда гардад, аз ҷонамон бигузарем, аммо ақибнишинӣ намекунем ва бо силоҳ ва ҷони худ омода ҳастем дар роҳи Худо ва дар ҳимоят аз Ал-ақсои шариф ва муҷоҳидини Ғазза фидо шавем.”
Қаламонлайн