Осмони он шаби Ғазза чӣ зебо буд!

Таҳлили хабарӣ

Осмони он шаби Ғазза чӣ зебо буд!

Ёддошти Ҳусайни Шариатмадорӣ – сардабири рӯзномаи “Кайҳон” (Эрон)

Дар каломи Худо омадааст, ки:

وَلَقَدْ زَيَّنَّا السَّمَاءَ الدُّنْيَا بِمَصَابِيحَ وَجَعَلْنَاهَا رُجُومًا لِلشَّيَاطِينِ وَأَعْتَدْنَا لَهُمْ عَذَابَ السَّعِيرِ‌

“Ва мо осмони дунёро ба чароғҳои (ситорагони) дурахшон зинат дода ва оростем ва бо тирҳое аз шиҳоб шайтонҳоро рондем ва азобу оташи фурӯзонро барои онҳо омода сохта ва бар онҳо борондем.” (Сураи Мулк, ояти 5).

Худои Меҳрубон дар ин оят, ингор осмони шанбешаби Фаластинро васф мекунад; шаби ҳамлаи сангини Сипоҳ ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои истротежики режими саҳюнистӣ. Он шаб, осмони Фаластин, аз ҳамаи шабҳои сол зеботар буд.

Мушакҳо ҳамон шаҳобҳои осмонӣ буданд, ки он шаб дар осмони Ғазза ва Ҷинин ва Алхалил ва Ҳифо ва ғайра, ҳамаи паҳнои осмони Фаластин, ба ҷойи ситораҳо тулӯъ карда буданд, бар мардуми мазлум ва ситамдидаи Ғазза нур мепошиданд ва бо хашми муқаддас бар саҳюнистҳои палид фуруд меомаданд ва азобе аз оташи “азобуссаъир” бар онҳо мебориданд.

Саҳюнистҳои ҷиноятпеша бар ин бовар буданд, ки падофандҳои сеқабати “Гунбади оҳанин”, “Флохон Довуд” ва “Пайкони саҳмгин” ва ғайра, ба мушакҳо ва паҳподҳои шилликшуда аз Эрони Исломӣ иҷозаи убур намедиҳанд. Чанд соат қабл аз оғози ҳамлаи ҷононаи Сипоҳ, аъзои кобинаи ҷанги режими саҳюнистӣ, дар як нишасти изтирорӣ, гирди ҳам омада ва фармондеҳи артиши режими кӯдаккуши Исроил итминон дода буд, ки ҳеч парандае наметавонад аз сомонаи сеқабати падофанди ҳавоии Исроил убур кунад.

Аҷдоди саҳюнистҳо дар садри ислом низ чунин боваре доштанд. Моҷарои он рӯзҳо низ ин гуна дар каломи Худо омадааст:

هُوَ الَّذِي أَخْرَجَ الَّذِينَ كَفَرُوا مِنْ أَهْلِ الْكِتَابِ مِنْ دِيَارِهِمْ لِأَوَّلِ الْحَشْرِ مَا ظَنَنْتُمْ أَنْ يَخْرُجُوا وَظَنُّوا أَنَّهُمْ مَانِعَتُهُمْ حُصُونُهُمْ مِنَ اللَّهِ فَأَتَاهُمُ اللَّهُ مِنْ حَيْثُ لَمْ يَحْتَسِبُوا

“Ӯст Худое, ки кофирони аҳли китоб (яҳуди Банӣ Назирро, ки бо макру ҳила дар пайи қатли Паёмбари Худо буданд) барои аввалин бор аз диёрашон берун кард ва шумо мусалмонон ҳам ҳаргиз гумон намекардед, ки онҳо аз диёри худ берун раванд ва онҳо низ ҳисорҳои муҳками худро нигаҳбони хеш мепиндоштанд, то он ки (азоби) Худо аз он ҷо, ки гумон намекарданд, бар онҳо фуруд омад”. (Сураи Ҳашр ояти 2).

Он шаб, осмони Ғазза зеботар аз ҳамеша буд. Занону мардону кӯдакон дар ҳоле, ки аз шигифтиҳои осмони зебо ва масири нуронии мушакҳо, ки ба ёриашон омада буданд, чашм барнамедоштанд, бо ҳам замзама мекарданд, ки имшаб ҳеч кӯдаке бо оташи кинаи саҳюнистҳои ваҳшӣ шаҳид намешавад ва ҳеч кас зери овор намемонад… Ва ҳамон гуна буд, ки интизор доштанд …

Чӣ руҳнавоз аст агар ҳамаи шаб, зебоии осмони Ғазза мисли ҳамон шанбешаб бошад…

أليس الصبح بقريب

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Спектакл”
Вазири хориҷаи Бритониё ҳақро бо Эрон медонад

Матолиби пурбоздид