Отифа ва Худо

Отифа ва Худо

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Мо, инсонҳо чунонем, ки вақте бо як манзараи шафқатангез ва риққатовар рӯбарӯ бишавем – масалан инсони мазлумеро бибинем, ки кӯмак мехоҳад – дар мо як ҳолат падид меояд, ки номашро раҳм, шафқат, дилсӯзӣ ва ин қабил чизҳо меноманд, ки гоҳе беихтиёр гиря мекунем.

Оё ҳаргиз ба ин фикр кардаед, ки чаро дар мо, одамҳо ин ҳолат вуҷуд дорад?

Пажӯҳишгарон ва донишмандони зиёде дар бораи ин ҳолат баҳсу таҳқиқ кардаанд, ҳатто Чорлз Дорвин китобе дар ин замина нигошта ба номи “Ибрози эҳсосот дар инсон ва ҳайвонот” (The Expression of the Emotions in Man and Animals) ва баҳсҳои ҷолибе кардааст.

Аммо ҳамаи ин таҳқиқот ва пажӯҳишҳо, дар бораи реша ва осори ин ҳолат аст ва ин ки масалан ҳангоми рӯбарӯ шудан бо чунон манзарае, фалон ҳормон (hormon, гормоны), дар бадани мо барангехта мешавад ва ғайра аз ин қабил баҳсҳо. Ва ҳеч як аз онҳо ба ин пурсиши асосӣ посух надодаанд ва намедиҳанд, ки “чаро” ин сифат дар инсонҳо мавҷуд аст? Чаро вақте як ҳикояти ҳузнангезеро бишнавем, масалан дар бораи меҳри модарӣ, мутаъассир мешавем ва беихтиёр гиря мекунем?!

Ба унвони мисол, Эраҷи Мирзо ҳикояти бисёр зебоеро меоварад, ки дар он, авҷи меҳри модарӣ ба фарзанди номеҳрубонаш дида мешавад. Дар ин ҳикоят, ҷавоне бо гӯш фаро додан ба суханони маъшуқааш, бо модараш номеҳрубонӣ мекунад. Аммо мешавад модар аз фарзанди хеш дил биканад?

Моҷаро аз ин қарор аст, ки як зан, ки нисбат ба модари ҷавони ошиқ дар дил кина дошт, аз ҷавон мехоҳад, ки агар висоли маро мехоҳӣ, бояд модаратро бикушӣ:

Гар ту хоҳӣ ба висолам бирасӣ

Бояд ин соат, бехавфу диранг

Равиву синаи тангаш бидарӣ

Дил бурун орӣ аз он синаи танг

Гарму хунин ба манаш боз-орӣ

То барад з-ойинаи қалбам занг…

Ошиқ, ки ишқи маъшуқа чашмонашро кӯр карда буд, гӯш ба суханони ин зани шайтонсифат дод ва рафт модарро ба замин афканд ва синаи модар дарид ва дили ӯ берун овард ва ба каф гирифт ва шитофт ба сӯйи маъшуқаи худ, то ба ӯ дили модар бидиҳад. Аммо дар миёни роҳ пояш лағжид ва ба замин афтод ва дили модар ҳам, ки ҳанӯз ҷон дошт, аз дастонаш афтод. Фарзанди нохалаф вақте аз замин бархост ва дар пайи бардоштани он дил шуд, ин оҳанг аз дил берун омад, ки: “Оҳ! Дасти писарам харош ёфт! Вой! Пойи писарам ба санг хӯрд!”

Ошиқи бехиради ноҳанҷор

На, бал он фосиқи беисмату нанг

Ҳурмати модарӣ аз ёд бибурд

Хира аз бодаву девона зи банг

Рафту модарро афканд ба хок

Сина бидриду дил овард ба чанг

Қасди сарманзили маъшуқ намуд

Дили модар ба кафаш чун норанг

Аз қазо хӯрд дами дар ба замин

В-андаке суда шуд ӯро оранг

В-он дили гарм, ки ҷон дошт ҳанӯз

Уфтод аз кафи он бефарҳанг

Аз замин боз чу бархост намуд

Пайи бардоштани он оҳанг

Дид, к-аз он дили оғушта ба хун

Ояд оҳиста бурун ин оҳанг:

“Оҳ дасти писарам ёфт харош

Вой пойи писарам хӯрд ба санг!”

Вақте якчунин чизеро мешунавем, беихтиёр ҳолати мо тағйир меёбад ва гиря мекунем. Хуб, чаро ин ҳолат дар мо, инсонҳо ҳаст?

Баҳси мо дар ин нест, ки дар чунин ҳолате, фалон ҳормон барангехта мешавад ва ё чизе дигар, балки мо дар садади ёфтани посух ба “чароӣ”-и вуҷуди ин ҳолат дар инсон ҳастем. Мо мехоҳем бидонем, чаро дар ниҳоди ман, якчунин чизе вуҷуд дорад?! Чаро чунин нестам, ки бетафовут бошам?! Яъне ҳолати ман дигаргун нашавад?! Чаро ман бо сиришт ва табиате ба вуҷуд омадаам, ки чизе дар ман ба номи шафқат ва раҳм ва меҳрубонӣ ва дилсӯзӣ вуҷуд дорад?!

Хуб, оё ҷавоби ин пурсишҳоро аз китоби масалан Чорлз Дорвин ва ё донишманд ва равоншиноси дигаре пайдо мекунед?! На!

Ва қарор ҳам нест пайдо бикунед, зеро аз ҳавзаи баҳсу ковиши онҳо берун аст, мавзӯъи баҳсу баррасиҳои онҳо бадан ва ҷисм аст, ки дар таҷриба дармеояд ва ҳамчунин равон аст, ки равонковҳо ва равоншиносон перомуни он таҳқиқ мекунанд. (Албатта, равон, ки мегӯям, ин ғайр аз руҳе аст, ки барои инсон қоилем.)

Баҳсу ковиш дар ин замина ва ёфтани посухи “чароӣ”-и вуҷуди ин сифат ва ҳолат дар инсон, кори файласуф аст, бахусус касе, ки барои инсон, ба ғайр аз ин бадани моддӣ, як руҳ қоил аст; руҳе, ки моддӣ нест ва монанди соири аносири моддӣ нест, ки дорои арзу тӯлу умқ бошад ва ҳатто энержӣ ҳам нест, ки ба таҷриба дарояд.

* * *

Донишмандоне, ки барои инсон руҳ қоиланд ва Худобоваранд, хусусан фалосифаи мусалмон, мӯътақиданд, ки инсон бо сифоти камолии худ, намоёнгар ва ойинаи тамомнамои Худо дар рӯйи замин аст. Инсон бо ин сифот аз ҷумла сифати меҳрубонӣ, Худоро нишон медиҳад. Мунтаҳо, фарқи сифоти камолӣ дар Худо ва инсон дар ин аст, ки ин сифот дар Худо бениҳоят ва номаҳдуданд, вале дар инсон маҳдуд. Илм ҳамон илм аст, мунтаҳо дар Худо ҳадду андоза надорад ва бениҳоят аст, аммо дар инсон маҳдуд. Меҳрубонӣ, ки дар инсон ҳаст, нишонгари меҳрубонӣ дар офаридгори ӯст, бо ин фарқ, ки дар инсон маҳдуд аст, аммо дар Худо ҳадду андоза надорад:

وَرَحْمَتِي وَسِعَتْ كُلَّ شَيْءٍ

“Ва раҳматам ҳама чизро фаро гирифтааст…” (Сураи Аъроф, ояти 156)

Муслим дар Саҳеҳи худ ривояти ҷолиберо овардааст:

قَدِمَ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عليه وسلم بسبي. فإذا امرأة من السبي، تبتغي، إذا وجدت صبيا في السبي، أخذته فألصقته ببطنها وأرضعته. فَقَالَ لَنَا رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وسلم: أترون هذه المرأة طارحة ولدها في النار؟ قلنا: لا، والله! وهي تقدر على أن تطرحه. فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم: لله أرحم بعباده من هذه بولدها

“Теъдоде асири ҷангӣ назди Расули Худо (с) оварданд. Зане дар миёни асирон ба ин сӯву он сӯ медавид, ногаҳон кӯдакеро дар миёни асирон дид (ки фарзандаш буд), пас ӯро дар оғӯш гирифт ва ба ӯ шир дод.

Он гоҳ Расули Худо (с) хитоб ба ёрон фармуд: оё ба назари шумо ин модар фарзандашро дар оташ меандозад? Гуфтем: на, ба Худо савганд (имкон надорад чунин коре бикунад). Расули Худо (с) фармуд: қатъан Худо нисбат ба бандгонаш аз ин модар нисбат ба фарзандаш меҳрубонтар аст.”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дард
Ҳар ки ӯ огоҳтар…

Матолиби пурбоздид