Ошиқони адаби порсӣ: ДАВИД КОБИДЗЕ (1906 – 1981)

Таърих

Ошиқони адаби порсӣ: ДАВИД КОБИДЗЕ (1906 – 1981)

Аз ховаршиносон ва форсипажӯҳони номдори Гурҷистон аст, доктори илмҳои филология, профессор. Хатмкардаи донишкадаи давлатии омӯзгории Тифлис (1933). Соли 1939 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Тифлис ба кор оғоз кард. Солҳои 1941–44 дар Ҷанги ҷаҳонии дуюм, дар баробари фошизим ширкат намуд. Солҳои 1953–81 мудири кафедраи филологияи эрони факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Тифлис ва ҳамзамон декани факултаи ховаршиносии Донишгоҳи Тифлис (1962–75).

КОБИДЗЕ яке аз пуркортарин пажӯҳишгарони гурҷистонӣ дар ҳавзаи адабиёти классикии форсӣ ва робитаҳои адабии Эрону Гурҷистон шумурда шудааст. Бештар аз 80 рисолаву мақолаҳои илмӣ оид ба ҳаёту эҷодиёти Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Фахруддини Гургонӣ, Ҷомӣ ва масъалаҳои марбут ба робитаҳои адабии мардумони эронию гурҷӣ (аксар ба забони гурҷӣ) таълиф намудааст. ДАВИД КОБИДЗЕ бар рамзу рози шеъри гурҷию форсӣ огоҳии амиқ дошт ва ба осори куҳани гурҷию форсӣ таваҷҷуҳ хос мекард, аз ин рӯ яке аз мавзуъҳои аслии пажӯҳиши ӯ мутолаъаву таҳқиқ дар бораи ривоёти гурҷии «Шоҳнома», луғатшиносӣ ва орояҳои адабии он мебошад. Рисолаи доктории КОБИДЗЕ бо номи «Маъхазҳои форсӣ дар ривоёти ҳамосии гурҷии Шоҳнома» аз нахустин осори бачопрасидаи ӯст (Тифлис, 1946). Мутолаъа ва таҳқиқи ривоёти гурҷии «Шоҳнома» пеш аз ДАВИД КОБИДЗЕ низ таваҷҷуҳи донишмандони гурҷиро ба худ ҷалб карда буд. Аз ин рӯ, ин рисолаи ӯ ҷилди сеюм ва охирин ҷилд аз маҷмуаи китобҳоест, ки пештар ба қалами донишмандоне чун Н. Марр, Ю. Абуладзе ва А. Баромидзе дар Донишгоҳи Тифлис ба чоп расидааст.

ДАВИД КОБИДЗЕ ҳамчунин дар бораи дигар намояндагони машҳури адабиёти форсӣ, ба монанди Абдурраҳмони Ҷомӣ, Саъдӣ ва Рӯдакӣ низ таҳқиқоте ба анҷом расонидааст. Китобҳои КОБИДЗЕ дар бораи баъзе аз масъалаҳои вожашиносию лаҳҷашиносӣ низ дорои аҳаммийяти баланди илмиянд. Соли 1959, зимни пажӯҳишот дар боби осори куҳани гурҷии форсӣ ӯ дар китобхонаи АФ Гурҷистон манзумаеро ба забони гурҷӣ бозёфт намуд, ки дар охирҳои садаи нуҳум ба форсӣ суруда ва пас аз он ба гурҷӣ тарҷума шудааст. Нусхаи форсии ин манзумаи ҳамосӣ, ки иҳтимолан яке аз манобеи Ҳаким Фирдавсӣ барои тадвини «Шоҳнома» будааст, дар даст нест. Аз муаллифи он низ дар ҳич манбаъ сухан нарафтааст. Машҳуртарин осори ин донишманди арҷманду пуркори гурҷӣ инҳоянд: «Равобити забонҳои гурҷӣ ва форсӣ» (се ҷилд, 1959, 1969, 1978), маҷмуаи мақолаҳои «Рӯдакӣ» 1957, Тифлис), «Мунтахаботи форсӣ» (Тифлис, ду ҷилд; ҷилди аввал – 1963, шомили намунаҳои адабии адабиёти классикии форсӣ ва ҷилди дуюм – 1972, адабиёти муосири форсӣ), тарҷумаи манзуми «Бӯстон»-и Саъдӣ ба гурҷӣ (Тифлис, 1964), рисолаи «Абдурраҳмони Ҷомӣ» (Тифлис, 1966), ҷилди сеюми ривоёти гурҷии «Шоҳнома» (Тифлис, 1974), монографияи «Таърихи адабиёти форсӣ» (Тифлис, 1975), тарҷумаи «Вис ва Ромин» ба гурҷӣ (1969), «Равобити адабии Гурҷистону Эрон» (се ҷилд; Тифлис, 1969–83), «Гулчине аз ашъори форсӣ» (се ҷилд, Тифлис, 1963).

Дуруд ба форсипажӯҳони олам, аз ҷумла, Давид КОБИДЗЕИ Гурҷистонӣ, ки бо посдоштани ин забони қудсӣ номе аз хештан бар ҷой гузоштаст.

Обид Шакурзода

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Имзои асноди ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон
Ӯ аввалин мухолифи систем буд

Матолиби пурбоздид