Ошноӣ бо забони мардум
Яке аз мусибатҳои ҷаҳони Ислом ин аст, ки муаррифони дин барои мардум, одамоне шудаанд, ки худашон бо маорифи динӣ ошно нестанд. Албатта, ҳамвора ва дар тӯли торих ҳам чунин будааст, ки мусалмонон дини худро аз мубаллиғони динӣ бигиранд, на аз уламо.
Порае аз тақсир ва кӯтоҳӣ дар ин росто, бар гардани худи уламо ҳам мебошад. Уламо ғолибан бо забони мардуми кӯчаву хиёбон ва ҷаҳони онон огоҳ набуданд (ва имрӯз ҳам чунин аст); бар хилофи мубаллиғони динӣ, ки бо забони мардуми оддӣ ва ҷаҳони онҳо хуб огоҳ ҳастанд ва медонанд, чӣ гуна ва бо кадом забон бо онҳо сӯҳбат кунанд, аммо аз илму дониши лозим бархӯрдор нестанд, ки мусибат ҳам дақиқан ҳамин ҷост. Уламо, ки бештар сару корашон бо китобҳо буд, вақте бихоҳанд аз Ислом чизе бинависанд ва ё бигӯянд, аз он ҷо, ки бо алфоз ва ибораҳои печида ва илмӣ менавиштанд ва мегуфтанд, суханони онҳоро фақат шуморе андак мефаҳмиданд, вале аксарият аз он ҳарфҳо чизе сар дарнамеоварданд.
Пештар ва ба муносибате, ин достонро нақл карда будам, ҳоло такрори он холӣ аз фоида нест. Яке аз уламои саршиноси ҷаҳони Ислом (Шайх Аббоси Қумӣ) ин ҳикоятро, ки бо худаш иттифоқ уфтода нақл мекунад. Мегӯяд, тобистонҳо гоҳе барои таблиғ ба баъзе аз рустоҳои атроф мерафтам. Боре ба рустое омадам, ки як муллои мубаллиғ он ҷо буд, ки ба мардум динашонро меомӯхт. Ӯ савод надошт, вале бо руҳияи мардум хуб ошно буд, забонашонро медонист. Вақте ман омадам ва дар масҷид ду се бор суханронӣ кардам, ӯ эҳсос кард, нонаш нисф мешавад ва ман ҷойгоҳи ӯро хоҳам гирифт.
Бинобар ин, рӯзе пас аз намози ҷамоат рӯй овард ба мардум ва гуфт: Мардум! Ин ҷавон (бо ишора ба ман) бесавод аст ва дини шуморо хароб мекунад, ӯро аз русто биронед! Ва агар боваратон намешавад, ҳоло бароятон исбот мекунам!
Ҷамоат ҳам гуфтанд, бароямон ин иддаоро собит кунед, ки агар рост бошад, фавран ӯро меронем, то динамонро хароб накунад!
Мулло ҳам рӯй ба ман овард ва гуфт: Оё ҳозирӣ имтиҳонат бикунам?
Гуфтам: Бале, ҳозирам!
Гуфт: Биё ин ҷо ва дар ин девор “Мор” бинавис!
Ман ҳам пеши худам гуфтам, аҷаб имтиҳоне! Ин ки чизе нест, баланд шудам ва рӯйи девори масҷид “Мор” навиштам.
Сипас, муллои русто бӯрро аз дастонам гирифт ва шакли морро дар девор кашид. Ва онгоҳ рӯй ба мардум кард ва пурсид: Ҳоло худатон қазоват кунед! Кадомин навишта дуруст? Оё он чӣ ман навиштам ё он чӣ ин ҷавони бесавод навишт?!
Ҷамоат ҳама ва бо як садо гуфтанд: Он чӣ шумо навиштед, мор аст, аммо он чӣ ин ҷавон, ки мепиндоштем муллост, навишта, мор нест!
Ин ҷо буд, ки мардум маро ронданд ва гуфтанд, то дигар поямро дар русто нагузорам.
Мақсудам аз овардани ин ҳикоят он аст, ки имрӯза барои уламо ва донишмандон як воҷиб ва як зарурат аст, ки камар бибанданд ва ба муаррифии Ислом ба мардумон бипардозанд. Ва лозимаи ин кор ҳам, ошноӣ ва огоҳӣ бо забони мардум аст. Мубаллиғони исломӣ, бо ин ки аз равишҳои таблиғ огоҳанд ва медонанд бо мардум чӣ гуна сухан кунанд, вале чун саводи лозим надоранд, аҳёнан динро воруна нишон медиҳанд. Ин як мусибат аст.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: