Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – II

Таърих

Ошноӣ бо Наҳҷулбалоға – II

Бахши дуввум

Дар ҳақиқат Наҳҷулбалоға меросест гаронбаҳо ва сарватест калон ва аҳамияташ дар нуқоти зерин хулоса мешавад:

1-Наҳҷ-ул-балоға сарчашмаи муҳиммест барои кашфи мафоҳим ва андешаҳои исломӣ дар ҷамии майдонҳои зиндагӣ, аз пояҳои ахлоқӣ гирифта то қонунҳои ҷангӣ ва таълимоти идорӣ ва сиёсӣ ва дидгоҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;

2-Наҳҷ-ул-балоға оинаест ростгў, ки барои мо воқеияти бисёре аз ҳодисаҳои таърихи исломиро мунъакис месозад ва дар ин маврид ба манзилаи ёддоштҳои марде мемонад, ки бо тамоми он ҳодисаҳо зиндагӣ карда ва дар рақам задани онҳо ширкат доштааст;

3-Ба иловаи инҳо Наҳҷ-ул-балоға сарвати адабие аст, ки бо балоғат ва завқи баланд ҷўш мезанад ҳатто дар борааш чунин гуфта шудааст: “Поёнтар аз каломи холиқ ва болотар аз сухани махлуқ.”

Ахиран ҳамагӣ шоҳиди як ҳуҷуми муғризонае ҳастем, ки Наҳҷ-ул-балоғаро ҳадафи худ қарор додааст. Соли 1975 дар маҷаллае аз тарафи як нависандаи мисрӣ устод Маҳмуд Муҳаммад Шокир мақолае ба чоп расид, ки дар он ин нависанда бар Наҳҷ-ул-балоға ҳуҷум меоварад ва иддао мекунад, ки ин китоб аз суханони Имом Алӣ (алайҳис-салом) набуда, балки ба дурўғ ба ў нисбат дода шудааст.

Каме баъд аз он маҷаллаи мисрии дигаре ба номи “Ҳилол” мақолаи дигаре (дар с. 1975) аз доктор Шафеъ Сайид пешкаш сохт, ки нависанда перомуни ҳамин мавзўъ баҳс кардааст.

Ахиран ҳам дар як маҷаллаи кувайтӣ мақолае аз доктор Муҳаммад Дасуқӣ нашр гардид, ки ў ҳам ҳамин масъаларо такрор кардааст.

Ман намедонам ҳадаф аз ин суханон, ки дар вақте оғоз шудааст, ки уммати исломии мо эҳсоси ниёз ба бозгаштан ба мероси асилаш мекунад, чӣ бошад? Оё мехоҳанд уммат аз истифода аз ин мероси бебаҳо маҳрум монад? Ё ин ки мехоҳанд уммат ро бо ҷ адал ва кашокашӣ перомуни масоили собит ва мусаллам машғул с озанд?

Он чи ҳоло бароямон муҳим аст, баррасии баъзе аз ин шубҳаҳо бар Наҳҷ-ул-балоға мебошад:

  1. Шубҳаи аввали онҳо ин аст, ки мегўянд Наҳҷ-ул-балоға аз тофта ва бофтаҳои худи Шарифи Разист ва суханони Имом Алӣ (алайҳис-салом) нест.

Ин шубҳа ҳангоме бартараф мешавад, ки китобҳои таърихӣ ва адабиеро, ки қабл аз таваллуди Шарифи Разӣ таълиф гардида ва бисёре аз ҳамин хутбаҳо, номаҳо ва суханони кўтоҳи Наҳҷ-ул-балоғаро дар бар доранд, мебинем. Шарифи Разӣ (разияллоҳу анҳу) дар гирдоварии Наҳҷ-ул-балоға такя ба ҳамин манобеъ кардааст.

Масалан баъзе аз хутбаҳои Наҳҷ-ул-балоға дар китоби “Албаён ва ат-тибён”- и Ҷоҳиз, ки соли 255 ҳ. чашм аз дунё бастааст, дар китоби “Сиффайн” – и Наср ибни Музоҳим, ки соли 202 ҳ. аз дунё рафтааст, дар китоби “Таърихи Табарӣ”, ки вафоташ дар соли 310 ҳ. мебошад, дар китоби “Ал – ағонӣ”- и Исфаҳонӣ (вафоташ дар соли 356 ҳ.) омадаанд, бо ин ки Шарифи Разӣ соли 406 ҳ. чашм аз дунё пўшидааст. Пас чӣ гуна метавонад дуруст бошад, ки Шариф чизеро тофта ва бофта, ки дар китобҳои касоне, ки қабл аз ба дунё омадани вай аз дунё рафтаанд вуҷуд доштааст? Ахиран ҳам яке аз донишмандон фарҳангномаи ҷадидеро ба нашр дароварда ва дар он санадҳо ва сарчашмаҳои ҳамаи хутбаҳо, номаҳо ва суханони кўтоҳи Наҳҷ-ул-балоғаро ба субут расондааст. Ў аллома Сайид Абдуззаҳро Ҳусайнии Хатиб аст ва касест, ки нисбат доштани он чӣ дар Наҳҷ-ул-балоға аст ба Имом Алиро бо такя ба манобеи қобили эътимод аз китобҳои таърихӣ ва адабӣ исбот кардааст, ки бештарашон қабл аз Наҳҷ-ул-балоға таълиф шудаанд ва баъзеи дигар суханони Имомро бо санади муттасил, ки дар тариқи он на китоби Наҳҷ-ул-балоға ва на Шарифи Разӣ қарор доранд, ривоят мекунанд.

Ин фарҳангнома дар чаҳор ҷилд зери унвони “Манобеи Наҳҷ-ул-балоға ва санадҳои он” ба чоп расидааст.

  1. Шубҳаи дигар ин ки мегўянд дар Наҳҷ-ул-балоға суханоне вуҷуд дорад, ки дар онҳо саҳобаи киром мавриди сарзаниш ва мазаммат қарор гирифтаанд. Имкон надорад, ки аз ҷониби Имом Алӣ (алайҳис-салом) чунин сарзанишҳое содир шуда бошад. Посухи мо ба ин шубҳа ин аст, ки Имом (алайҳис-салом) пайрав ва дунболарави назари Ислом аст ва аз дидгоҳи Ислом меъёр пояҳост, на афрод. Агар ҳар шахсе пойбанди пояҳо ва асосҳои Ислом аст, мавриди эҳтиром ва тақдис қарор мегирад ҳарчанд бандае бошад, ки дар асри 20 баъд аз Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) зиндагӣ бикунад. Ва ҳар шахсе, ки бо пояҳо ва асосҳои исломӣ мухолифат варзад ва аз онҳо мунҳариф гардад, лозим аст мазаммат шавад ва хатояш гуфта шавад ҳарчанд касе бошад, ки ифтихори ҳамроҳӣ бо Паёмбарро дар як манзил доштааст, “Гиромитарини шумо дар назди Худо парҳезкортарини шумост”, ҳамчуноне ки Қуръони карим ҳамсарони паёмбарони худо Нўҳ ва Лутро сарзаниш кардааст. Худои мутаол мефармояд: “Худо барои кофирон зани Нўҳ ва зани Лутро мисол овард, ки зери назари ду бандаи солеҳи мо буданд ва ба онҳо хиёнат карданд ва он ду шахс (бо вуҷуди мақоми паёмбарӣ) натавонистанд онҳоро аз қаҳри Худо бираҳонанд. Ва ҳукм шуд он ду занро, ки бо дўзахиён дар оташ дохил шавед”.
  2. Шубҳаи севвум он ки мегўянд дар Наҳҷ-ул-балоға суханоне вуҷуд дорад, ки аз чизҳое аз ғайб хабар медиҳад бо ин ки эътиқод дорем ҷуз Худои мутаол касе дигар аз ғайб хабар надорад. Ин шубҳа низ бартараф аст. Зеро дар Наҳҷ-ул-балоға мехонем, ки марде аз қабилаи Бани Калб дид Имом Алӣ (алайҳис-салом) дар бораи баъзе чизҳои ғайбӣ сўҳбат мекунад. Онгоҳ пурсид: Эй амири мўъминон! Оё илми ғайб дода шудаӣ? Имом (алайҳис-салом) хандид ва фармуд: “Эй бародар аз қабилаи Бани Калб! Ин илми ғайб нест, балки таълимест аз соҳиби илм (паёмбар)… Худо онро ба паёмбараш омўхт ва сипас Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)онро ба ман омўзиш дод ва бароям чунин дуо кард, ки Худо онро дар синаам ҷой диҳад ва аъзои баданамро аз он моломол созад”.

Оё монее вуҷуд дорад, ки Худо ба паёмбараш ахбори ғайбӣ расонад? Қуръони карим мегўяд: “Ин аз ахбори ғайб аст, ки онро ба ту ваҳй кардем”. Сипас оё монее ҳаст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) баъзе аз ин ахборро ба ҷонишин ва халифааш хабар диҳад?

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ваҳдати уммати исломӣ
Аҳамияти оростагии зоҳир

Матолиби пурбоздид