Оятуллоҳ Хоманаӣ: “22 баҳмани имсол, як қиёми мардумӣ ва ҳаракати бузурги миллӣ буд”
Байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, дар ҷамъи масъулони Вазорати дифои Эрон гуфт:
“22 баҳмани ахир, яке аз барҷастатарин ҷашнҳои инқилоб буд, яке аз муҳимтаринҳо буд. Мардум дар воқеъ дар рӯзи душанбе қиём карданд; ин ки омаданд туи хиёбонҳо ва шиор доданд ва ҳарф заданд ва дар расонаҳо назароти худашонро гуфтанд ва ин дар саросари кишвар иттифоқ афтод, ин як қиёми мардумӣ буд, як ҳаракати бузурги миллӣ буд. Дар зери бомбборони таблиғот ва ҳаракоти ҷанги нарми муъзиёнаи душман, мураттаб доранд алайҳи ҳамин 22 баҳман ва соҳиби 22 баҳман, ки миллати Эронанд ва қаҳрамони 22 баҳман, ки Имоми бузургвор аст, мураттаб доранд ҳарф мезананд, мардум биёянд дар зери ин бомбборони таблиғотӣ ва расонаӣ ва ҷангӣ ин ҷур худашонро нишон бидиҳанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ҳузури ҷавонон, чеҳраҳои шодоб, чеҳраҳои шодоб, густариш дар тамоми кишвар, на фақат Теҳрон, на фақат шаҳрҳои бузург, ҳатто рустоҳо дар ин ҳаракати бузург ширкат кунанд. Дар баъзе аз шаҳрҳо, ҳавоҳо сард, буд бисёр номуносиб буд, ин паёми иттиҳоди миллати Эрон буд, ҳаққан ва инсофан миллати Эрон кори бузурге карданд, дар муқобили ин таҳдидҳои аҳмақонае, ки мураттаб пушти сари ҳам дорад сурат мегирад, нисбат ба миллати Эрон, миллати Эрон ҳувияти худаш, шахсияти худаш ва тавони худаш ва пойдории худашро нишон дод ба ҳама.”
Қаламонлайн