Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Дунёи ислом нобудии ғуддаи саратонии саҳюнизмро шоҳид хоҳад буд”

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Дунёи ислом нобудии ғуддаи саратонии саҳюнизмро шоҳид хоҳад буд”

Ахбори байналмилал

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор ширкаткунандагони мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, ки имрӯз баргузор шуд, гуфт: “Иншоаллоҳ нусрати илоҳӣ шомили ҳоли мардуми Фаластин хоҳад буд ва дунёи ислом нобудии ғуддаи саратонии саҳюнизмро ба чашм мушоҳида хоҳад кард.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (панҷшанбе, 22 феврал) дар дидори ширкаткунандагон дар 40-умин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони Карим, амал ба маорифи Қуръонро бароварандаи ниёзҳои оҳоди башарият ва ҷомеаҳои башарӣ донист ва бо интиқод аз амал накардан ба маориф ва дастуроти Қуръон аз ҷониби сарони кишварҳои исломӣ дар мавзӯъи Ғазза, гуфт: “Имрӯз нерӯҳои муқовамати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани хабиси саҳюнистӣ, дар ҳоли амал ба дастуроти Қуръон ҳастанд ва ба лутфи илоҳӣ пирӯзӣ насиби миллати Фаластин хоҳад шуд ва дунёи ислом ҳатман нобудии ғуддаи саратонии саҳюнистро ба чашм хоҳад дид.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар оғози ин дидор бо ишора ба оёте аз Қуръони Карим, ки ба баёни тавсиф ва муаррифии Қуръон мепардозанд, афзуд: “Қуръон, китоби ҳидоят, китоби зикр ва аз байнбарандаи ғафлат ва китоби ҳикмат ва нур ва бурҳон аст ва ҳазрати Алӣ (а), ки шогирди барҷастаи Қуръон аст, ин китоби осмониро китоби зиндакунандаи дилҳо ва дармони дардҳои бузурги башарият мехонд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: “Касоне, ки Қуръонро китоби “кунҷи маъобид” ва барои иртиботи шахсии башар бо Худованд медонанд ва исломи сиёсӣ ва исломи созандаи низоми иҷтимоиро қабул надоранд, дар воқеъ дар нуқтаи муқобили тавсифи Қуръон аз худ ва тавсифи ҳазрати амирулмуъминин (а) аз Қуръон ҳастанд.”

Вай, тиловати Қуръон ва фунун ва ҳунарҳои тиловатро яке аз роҳҳои муассир барои ташвиқи мусалмонон ба унс бо Қуръон ва фаҳми маорифи он баршумурд ва гуфт: “Мутаассифона имрӯз шикояти Расулуллоҳ (с) ба Худованд дар бораи маҳҷур будани Қуръон, яке аз воқеиятҳои талхи бахшҳои зиёде аз дунёи ислом аст, ки натиҷаи он амал нашудан ба дастурот ва маорифи қуръонӣ аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, мавзӯъи Ғаззаро масъалаи бузурги дунёи ислом хонд ва афзуд: “Оё сарон ва масъулони кишварҳои исломӣ ба дастури Қуръон, ки мегӯяд: “Бо душманони Худо ва мусалмонон иртибот барқарор накунед” амал мекунанд? Ва чаро сарони кишварҳои исломӣ аланан ба қатъи робитаи худ бо режими қотили саҳюнистӣ ва қатъи кӯмак ба ин режим, иқдом намекунанд?”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Худованди Мутаъол оҳоди миллатҳои мусалмонро ба далели ин ки ба давлатҳои худ барои қатъи пуштибонӣ аз режими саҳюнистӣ фишор наоварданд ва ҳамчунин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастуроти қуръонӣ маврид суол ва муохаза қарор хоҳад дод.”

Вай таъкид кард: “Албатта муқовамати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар муқобили душмани саҳюнистӣ дар ҳоли амал ба маориф ва дастуроти қуръонӣ ва рӯйи дигари ин моҷаро ҳастанд ва ба лутфи Худованд ва бар асоси ваъдаҳои қуръонӣ, нусрати илоҳӣ шомили ҳоли онҳо хоҳад шуд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо таъкид бар ин ки имрӯз дунёи ислом ва озодагони ҷаҳон азодори мардуми Ғазза ҳастанд, гуфт: “Мардуми Ғазза мавриди зулми касоне қарор гирифтаанд, ки ҳеч бӯйе аз инсоният набурдаанд ва бар ҳамин асос бузургтарин вазифа, ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва истодагии шуҷоъонаи нерӯҳои муқовамат ва ҳимоят аз касоне аст, ки ба мардуми Ғазза кӯмак мекунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар поён хотирнишон кард: “Умеди мо ба лутф ва нусрати илоҳӣ тамом нахоҳад шуд ва дунёи ислом ҳатман нобудии ғуддаи саратонии саҳюнистро мушоҳада хоҳад кард.”

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раҳбари Ансоруллоҳ: “Ду миллион исроилӣ аз сарзаминҳои ишғолӣ овора шудаанд” Ахбори байналмилал Farsnews
Муқовамати исломии Лубнон як маркази низомии дигари исроилиро ҳадаф қарор дод

Матолиби пурбоздид