Оятуллоҳ Хоманаӣ: Иқдоми нерӯҳои мусаллаҳ – камтарин муҷозоти саҳюнистҳо буд

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Иқдоми нерӯҳои мусаллаҳ – камтарин муҷозоти саҳюнистҳо буд

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Иқдоми дурахшони нерӯҳои мусаллаҳ, камтарин муҷозоти саҳюнистҳо буд”

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, имрӯз (ҷумъа, 4 октябр), дар хутбаҳои намози ҷумъа гуфт: “Иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи мо, камтарин муҷозот барои режими ғосиби саҳюнӣ дар баробари ҷиноятҳои ҳайратовари он режими хуношом, гургсифат ва саги ҳори Омрико дар минтақа буд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, иттиҳод ва ҳамбастагии мусалмононро мӯҷиби бархӯрдорӣ аз раҳмат ва иззати илоҳӣ ва пирӯзӣ бар душманон хонд ва таъкид кард: “Бар асоси аҳкоми дифоъии ислом, Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ ва қавонини байналмилал, кори дурахшони нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар муҷозоти режими хуношоми саҳюнистӣ комилан қонунӣ ва машрӯъ буд ва Ҷумҳурии Исломӣ ҳар вазифае дар ин замина эҳсос кунад, бидуни таъаллул ё шитобзадагӣ, бо қудрат ва салобат ва қотеъият анҷом хоҳад дод.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин муҷоҳиди шаҳид Сайидҳасан Насруллоҳро мояи фахр ва чеҳраи маҳбуби дунёи ислом ва забони гӯёи миллатҳои минтақа хонд ва афзуд: “Асаргузории шахсияти парчамдори муқовамат ва мудофеъи шуҷоъи мазлумон, пас аз шаҳодаташ бештар хоҳад шуд ва миллатҳои минтақа ва муҷоҳидони фисабилиллоҳ, паёми шаҳодати ӯ яъне имон ва таваккули бештар, иттиҳоди мустаҳкамтар, идомаи қавитар ва бидуни тардиди мубориза то шикаст ва нобудии душмани саҳюнистро бо ҳамаи вуҷуд дунбол хоҳанд кард.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар табйини сиёсати қуръонии “ҳамбастагии мусалмонон” гуфт: “Вилояти мусалмонон ба маънои пайвастагӣ ва ҳамдилӣ ва ҳамкорӣ, ёрии иззатмандона ва ҳакимонаи Парвардигорро дар пай дорад, ки натиҷа он, ғалаба бар мавонеъ ва пирӯзӣ бар душманон хоҳад буд.”

Вай, нуқтаи муқобили ин сиёсати илоҳиро сиёсати тафриқаангези мустакбирон ва мутаҷовизони олам донист ва афзуд: “Уммати исломӣ аз сиёсати “тафриқа биандоз ва ҳукумат кун”-и мустакбирон, садамоти фаровон дида, аммо имрӯз, рӯзи бедории мусалмонон аст ва набояд иҷоза дод ин сиёсати шум такрор шавад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба сиёсатҳои мутафовити низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии душманон барои тафриқаангезӣ гуфт: “Душмани миллати Эрон ҳамон душмани миллатҳои Фаластин, Лубнон, Миср, Сурия, Ироқ, Яман ва дигар кишварҳои исломӣ аст ва ҳамаи дастурҳои таҳоҷумӣ ва тафриқаангез аз як утоқи фармон содир мешавад ва танҳо тафовут шеваҳои мутафовит он дар кишварҳои исломӣ аст.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Ҳар миллате агар мехоҳад ба муҳосираи фалаҷкунандаи душман дучор нашавад, бояд бедор бошад ва ба маҳзи ин ки душман суроғи миллате рафт, ба кӯмаки он миллат бишитобад; вагарна навбати худи ӯ хоҳад шуд.”

Ва таъкид кард: “Бояд камарбанди дифоъ, истиқлолталабӣ ва иззатро аз Афғонистон то Яман ва аз Эрон то Ғазза ва Лубнон дар ҳамаи кишварҳои исломӣ, муҳкам бибандем.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон бо ишора ба аҳкоми равшани дифоъии ислом дар бораи машрӯъият ва ақлонияти дифоъ аз хоку хона афзуд: “Бар асоси Қонуни асосӣ ва ҳамчунин қавонини байналмилалӣ, дифоъи миллатҳо аз ҷумла миллати Фаластин дар қиболи муҳоҷимон ва ишғолгарон, комилан машрӯъ ва дорои мантиқи мустаҳкам аст ва ҳеч кас ва ҳеч марказ ва созмони ҷаҳонӣ ҳақ надорад ба онҳо эътироз кунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба машрӯъияти кӯмак ба миллате, ки бар асоси ислом, ақл ва қавонини байналмилалӣ, аз худ дар муқобили ишғолгарон дифоъ мекунад, афзуд: “Ба ҳамин иллат, ҳеч кас ҳақ надорад ба миллати Лубнон ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бораи кӯмак ба мардуми мазлуми Ғазза ва ҳимоят аз қиёми миллати Фаластин эътироз кунад.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон, амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”-ро, ки соли гузашта дар ҳамин айём рух дод, ҳаракате дуруст, мантиқӣ ва мунтабиқ бар қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи миллати Фаластин хонд ва аз дифоъи ҷононаи лубнониҳо аз мардуми Фаластин таҷлил кард.

Оятуллоҳ Хоманаӣ бар ҳамин асос, иқдоми дурахшони чанд шаб қабли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон алайҳи режими саҳюнистиро комилан машрӯъ ва қонунӣ хонд ва гуфт: “Иқдоми нерӯҳои мусаллаҳи мо, камтарин муҷозот барои режими ғосиби саҳюнӣ дар баробари ҷиноятҳои ҳайратовари он режими хуношом, гургсифат ва саги ҳори Омрико дар минтақа буд.”

Вай бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳар вазифае дар ин замина дошта бошад, бо қудрат ва салобат ва қотеъият анҷом хоҳад дод, афзуд: “Мо дар анҷоми ин вазифа на таъаллул ва кӯтоҳӣ мекунем, на дучори шитобзадагӣ мешавем ва он чи маъқул, мантиқӣ ва дуруст аст, тибқи назари тасмимгирони низомӣ ва сиёсӣ дар вақти худ амал мешавад; ҳамчунон ки ин кор анҷом шуд ва дар оянда низ агар лозим бошад, анҷом хоҳад гирифт.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар хутбаи дуввуми намози ҷумъа, ки онро ба арабӣ қироат кард, хитоб ба ҳамаи уммати ислом дар саросари ҷаҳон ва ба сурати вежа хитоб ба миллати азизи Лубнон ва Фаластин, гуфт: “Лозим донистам такрим аз бародарам ва азизам ва мояи фахрам, чеҳраи маҳбуби дунёи ислом ва забони гӯёи миллатҳои минтақа, гавҳари дурахшони Лубнон, ҷаноби Сайидҳасан Насруллоҳ ризвонуллоҳи алайҳ дар намози ҷумъаи Теҳрон баргузор шавад.”

Вай бо таъкид бар ин ки ҳама дар фуқдони бузурги шаҳодати Сайиди азиз, мусибатзада ва ҷиддан азодорем, афзуд: “Албатта азодории мо ба маънои афсурдагӣ ва парешонӣ ва навмедӣ нест, балки аз ҷинси азодорӣ барои Сайидушшуҳадо Ҳусайн ибни Алӣ алайҳис-салом аст, яъне зиндакунанда ва дарсдиҳанда ва ангезабахш ва умедофрин аст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, шахсияти ҳақиқии шаҳид Насруллоҳ, руҳ, роҳ ва садои расои ӯро мондагор хонд ва гуфт: “Ӯ парчами баланди муқовамат дар баробари аҳриманони ситамгар ва ғоратгар буд; забони гӯё ва мудофеъи шуҷоъи мазлумон ва мояи дилгармӣ ва ҷуръати муборизон ва ҳақталабон буд.”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон афзуд: “Густараи маҳбубият ва таъсиргузории ӯ аз Лубнон ва Эрон ва кишварҳои арабӣ фаротар рафта буд ва акнун шаҳодати ӯ ин асаргузориро афзоиш хоҳад дод.”

Вай муҳимтарин паёми гуфторӣ ва амалии шаҳид Насруллоҳ дар замони ҳаёташ барои миллати Лубнонро парҳез аз ноумедӣ ва парешон шудан бар асари аз даст додани шахсиятҳои барҷастае чун Имом Мӯсо Садр ва Сайидаббос Мусавӣ хонд ва гуфт: “Паёми шаҳид Насруллоҳ ин буд, ки дар масири мубориза тардид накунед; бар талош ва тавони худ биафзоед; ҳамбастагии худро дучандон кунед; дар баробари душмани мутаҷовиз ва мутаъарриз бо тақвияти имон ва таваккул муқовамат кунед ва ӯро ноком бигузоред ва имрӯз ҳам хостаи Сайиди шаҳиди мо аз миллаташ ва аз ҷабҳаи муқовамат ва аз ҳамаи уммати исломӣ ҳамин аст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе ба вазъи порсӣ – тоҷикӣ дар минтақа ва Тоҷикистон
Забони давлатӣ чигуна забон аст?

Матолиби пурбоздид