Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Муроқиби душманиҳои пинҳон дар пушти лабхандҳои диплумосӣ бошем!”
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, ба муносибати иди Мабъаси ҳазрати Хатмимартибат, Муҳаммади Мустафо (с), бо коргузорони низоми Ҷ.И.Эрон, сафирон ва намояндагони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз мардум дидор кард.
Дар ин дидор, Оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷумла гуфт: “Бидонем, пушти лабхандҳои диплумосӣ, душманиҳо ва кинаҳои пинҳонӣ ва ботинии хабис нуҳуфтааст; чашмҳоямонро боз кунем ва ҳавосамон бошад, ки бо чӣ касе мувоҷеҳем, муомила мекунем ва ҳарф мезанем.”
Қаламонлайн