Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ як саги ҳор ва гурги хунхор аст”
Ахбори байналмилал
Asriran
Раҳбари Эрон гуфт: “Ғарбе, ки барои эъдоми як муҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30 ҳазор инсони бегуноҳ дар Ғазза чашми худро бастаанд ва Омрико бо вақоҳати тамом ва барои чандумин бор қатъномаи қатъи бомбборони Ғаззаро вето мекунад.”
Ба гузориши Asriran, Оятуллоҳ Хоманаӣ пеш аз зуҳри дирӯз (шанбе, 24 феврал), бо табрики иди саъид ва бузурги нимаи Шаъбон, ба шинохти дақиқи Имом Хумайнӣ (р) нисбат ба мардум ва ҳамчунин нигоҳи ҷомеъ ва мутараққии Имом нисбат ба ислом ишора кард ва гуфт: “Имом (р) аз ҳамон рӯзҳои оғозини наҳзати исломӣ то пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва баъд аз он, ҳамвора ба мардум эътимод дошт ва исломро як мактаб ва тафаккури коромад барои сиёсат ва мудирияти ҷомеа медонист ва бар ҳамин асос тавонист заминаи пешрафти Эрон ва истимрори ҳаракатҳои бузургро ба вуҷуд оварад.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки муҳимтарин мушкили душманони Ҷумҳурии Исломӣ, надоштани шинохт нисбат ба мардуми Эрон ва ҳамчунин надоштани шинохт аз ислом аст, хотирнишон кард: “Душманони миллати Эрон бар асоси баровардҳо ва тарроҳиҳои худ мутмаин буданд, ки Ҷумҳурии Исломӣ 40-солагии худро нахоҳад дид, аммо ба кӯрии чашми онҳо пешрафти Эрон мутаваққиф нашуд ва ба лутфи илоҳӣ ва бо такя бар ҳиммат ва иродаи мардум ва имон динии онҳо идома низ хоҳад ёфт.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар бахш дигаре аз суханони худ, намунаи дигаре аз мӯъҷизаофаринии такя бар мардум ва имони диниро шароити имрӯзи Ғазза баршумурд ва гуфт: “Истодагии нерӯҳои муқовамат ва маъюс кардани душман аз нобудии онҳо ва ҳамчунин сабри мардуми Ғазза дар баробари бомбборонҳо ва мусибатҳо, нишонгари имони динии қавии ин мардум аст.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ошкор шудани дурӯғ будани иддаоҳои тамаддуни ғарбӣ дар бораи ҳуқуқи башар ва риёкорӣ ва нифоқи ғарбиҳо дар моҷарои Ғазза афзуд: “Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як муҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30 ҳазор инсони бегуноҳ дар Ғазза чашми худро бастаанд ва Омрико бо вақоҳати тамом ва барои чандумин бор қатъномаи қатъи бомбборони Ғаззаро вето мекунад.”
Вай таъкид кард: “Ин, чеҳраи воқеии фарҳанг ва тамаддун ва либерол-демукросии ғарбӣ аст, ки дар зоҳири он сиёсатмадорон утукашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин, як саги ҳор ва гурги хунхор аст.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар поён хотирнишон кард: “Мо мутмаин ҳастем, ки ин тамаддуни ғарбӣ ва ин бори каҷ ба манзил нахоҳад расид ва фарҳанги ҳаққу мантиқи саҳеҳи ислом бар ҳама инҳо фоиқ хоҳад омад.”
Asriran
Қаламонлайн