Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳаракати низомӣ ва илмӣ шитобандатар аз гузашта пеш хоҳад рафт
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар 40-умин рӯзи шаҳодати фармондеҳон ва донишмандони ҳастаӣ: “Оянда нишон хоҳад дод, ки ҳар ду ҳаракати низомӣ ва илмӣ шитобандатар аз гузашта ба самти уфуқҳои баланд пеш хоҳад рафт”
7 таклифи роҳбурдӣ
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ, эшон ба муносибати чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҷамъе аз сардорони низомӣ ва донишмандони барҷастаи ҳастаӣ, паёме содир кард, ки ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Миллати сарафрози Эрон!
Чиҳилумин рӯзи шаҳодати ҷамъе аз ҳаммеҳанони азизамон, ки дар миёни онон сардорони бокифояти низомӣ ва донишмандони барҷастаи ҳастаӣ буданд, фаро расид. Ин зарбаро гурӯҳи ҳокими хабис ва ҷинояткори саҳюнӣ, ки душмани разл ва ануди миллати Эрон аст ворид овард. Бешак фуқдони фармондеҳоне чун шаҳидон Боқирӣ ва Саломӣ ва Рашид ва Ҳоҷизода ва Шодмонӣ ва дигар низомиён ва донишмандоне чун шаҳидон Теҳрончӣ ва Аббосӣ ва дигар донишмандон, барои ҳар миллате сангин аст. Аммо душмани аблаҳ ва кӯтаҳбин, ба ҳадафи худ нарасид. Оянда нишон хоҳад дод, ки ҳар ду ҳаракати низомӣ ва илмӣ шитобандатар аз гузашта ба самти уфуқҳои баланд пеш хоҳад рафт, иншоаллоҳ!
Шаҳидони мо худ роҳеро баргузида буданд, ки гумони дастёбӣ ба мартибаи волои шаҳодат дар он кам набуд ва саранҷом ба он чи орзуи ҳамаи фидокорон аст расиданд; бар онон гуворо бод! Аммо ногувории он барои миллати Эрон бавежа хонаводаҳои шаҳидон ва бавежа касоне, ки ононро аз наздик мешинохтанд, сахт ва талх ва сангин аст.
Дар ин ҳодиса нуқоти дурахшонеро низ ба равшанӣ метавон дид:
Аввалан, таҳаммул ва сабурӣ ва истеҳкоми руҳияи бозмондагон, ки дар навъи худ ҷуз дар таҳаввулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дида нашудааст.
Сониян, истиқомат ва суботи дастгоҳҳои зери амри шаҳидон, ки нагузоштанд ин зарбаи сангин, фурсатҳоро салб ва дар ҳаракати онон вақфа эҷод кунад.
Ва солисан, шукӯҳи пойдории мӯъҷизаосои миллати Эрон, ки дар иттиҳод ва истеҳкоми руҳӣ ва азми росихи онон бар истодагии якпорча дар майдон ба зуҳур расид. Эрони Исломӣ дар ин ҳодиса як бори дигар устувории бунёни худро нишон дод. Душманони Эрон оҳани сард мекӯбанд.
Эрони Исломӣ ба тавфиқи илоҳӣ рӯз ба рӯз қавитар хоҳад шуд, биизниллоҳ!
Муҳим он аст, ки мо аз ин ҳақиқат ва аз таклифе, ки аз сӯйи он бар дӯши мост, ғафлат накунем.
Ҳифзи иттиҳоди миллӣ, вазифаи яко-яки мост.
Шитоби лозим дар пешрафти дониш ва фанноварӣ дар ҳамаи бахшҳо, вазифаи нухбагони илмӣ аст.
Ҳифзи иззат ва обрӯи кишвар ва миллат, таклифи беиғмози гӯяндагон ва қаламзанон аст.
Муҷаҳҳаз кардани рӯзафзуни кишвар бо абзорҳои ҳиросат аз амният ва истиқлоли миллӣ, вазифаи фармондеҳони низомӣ аст.
Ҷиддият ва пайгирӣ ва ба натиҷа расондани корҳои кишвар, вазифаи ҳамаи дастгоҳҳои масъули иҷроӣ аст.
Ҳидояти маънавӣ ва нуронӣ кардани дилҳо ва тавсия ба сабр ва сакина ва суботи мардумӣ, вазифаи ҳазароти руҳонӣ аст.
Ва ҳифзи шӯру шавқ ва шуъури инқилобӣ, вазифаи яко-яки мо ва бавежа ҷавонон аст.
Худойи азизи раҳим ҳамагонро муваффақ бидорад!
Дуруд бар миллати Эрон ва салом бар ҷавонони шаҳид, бар бонувон ва кӯдакони шаҳид ва бар ҳамаи шаҳидон ва доғдорони онон!
Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ
Сайидалии Хоманаӣ
3 мурдоди 1404
(farsi.khamenei.ir)
Қаламонлайн