Оятуллоҳ Хоманаӣ: Ҳузури Омрико дар ин минтақа асоси мушкил аст
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, (чаҳоршанбе), дар дидори ҷамъе аз нухбагон, бо ишора ба ин ки ба зудӣ ба масоили Ғазза ва Лубнон хоҳад пардохт, гуфт: ”Фақат як калима ман арз бикунам ва он ин аст, ки дар ин минтақаи мо асоси мушкил – ки ин даргириҳо ва ҷангҳо ва нигарониҳо ва душманиҳо ва инҳоро ба вуҷуд меоварад – ношӣ аз ҳузури ҳамон касоне аст, ки дам аз сулҳу оромиши минтақа мезананд, яъне Омрико ва баъзе аз кишварҳои урупоӣ. Инҳо агар шаррашонро аз ин минтақа кам бикунанд, бидуни шак ин даргириҳо, ин ҷангҳо ин бархӯрдҳо ба куллӣ аз байн хоҳад рафт. Ва кишварҳои минтақа метавонанд худашон минтақаашонро идора кунанд, бо ҳам бо сулҳу саломат ва офият зиндагӣ кунанд.”
Вай афзуд: “Як рӯз як кишвареро таҳрик мекунанд, як касе мисли Саддомро таҳрик мекунанд, он ҷур қазоёи сахту талх ба вуҷуд меояд. Як рӯз ӯ нест, пуштибонҳояш ҳам нестанд, муҳаббат байни ду кишвар мешавад мисли роҳпаймоии Арбаин, ки шумоҳо аз наздик дидед худатон, яъне ин ҷурӣ аст масъала. Бо дигар кишварҳо ҳам ҳамин ҷур аст. Ҳузури он касоне, ки имрӯз дам аз оромиши минтақа мезананд ва дурӯғ мегӯянд, ҳузури худи онҳо асоси аслии мушкилоти ин минтақа аст.”
Қаламонлайн