Оё алоқа ба дунё мазмум аст?

Оё алоқа ба дунё мазмум аст?

Ҳикматҳо ва андарзҳо, Муртазо Мутаҳҳарӣ
Оё алоқа ба дунё мазмум аст?

Тафсиру тавҷеҳе, ки аз тарафи баъзе барои он оятҳо шуда яке ин аст, ки гуфтаанд: манзури ин оятҳо бадии худи дунё нест, зеро худи дунё иборат аст аз ҳамин аъёну ашёи заминӣ ва осмонӣ ва ҳеч як аз инҳо бад нест; инҳо ҳама оятҳои ҳикмат ва қудрати парвардигоранд ва наметавонанд бад буда бошанд. Он чизе, ки бад ва мазмум аст, муҳаббат ва алоқа ба ин умур аст. Муҳаббати дунё ва алоқа ба дунё бад аст, на худи дунё. Ҳамон тавре, ки медонем, дар заминаи мазаммат ва тақбеҳи муҳаббати дунё он қадр ба шеъру наср гуфта шудааст, ки аз ҳадди эҳсо хориҷ аст.

Ин тафсир хеле шойеъ аст. Аз ғолиби ашхос, ки шумо бипурсед маънии бадии дунё чист, хоҳанд гуфт, маъниаш ин аст, ки муҳаббати дунё бад аст, вагарна худи дунё, ки бад нест, агар бад буд, Худованд халқ намекард.

Агар диққат бикунем, ин тафсир — ҳарчанд хеле маъруфу машҳур аст ва хеле мусаллам фарз шуда — беишкол нест ва бо баёноти худи Қуръон вифқ намедиҳад, зеро аввалан бояд бибинем оё алоқае, ки башар ба дунё дорад, алоқаи фитрӣ ва табиӣ аст, яъне дар ниҳоди башар ва ғаризаи башар ин алоқа гузошта шуда ё баъдҳо дар асари омилҳои хоссе, масалан ба ҳукми одат ва талқин ё соири омилҳо, дар башар пайдо мешавад? Масалан, падарону модарон ба фарзандон ва фарзандон ба волидайни худ алоқа ва муҳаббат доранд; марду зан ҳар кадом ба ҷинси мухолифи худ алоқа доранд; ҳар касе ба молу сарват алоқа дорад, ба маҳбубият ва эҳтиром алоқа дорад, ба хеле чизҳои дигар алоқа дорад. Ин алоқаҳо оё фитрӣ ва табиии ҳар кас аст ё маснуъӣ аст ва дар асари суитарбият пайдо мешавад?

Бидуни шак ин алоиқ, табиӣ ва фитрӣ аст ва дар ин сурат чӣ гуна мумкин аст бад ва мазмум бошад ва вазифаи инсон ин бошад, ки ин алоиқро аз худ дур бикунад? Ҳамон тавр, ки махлуқот ва мавҷудоти берун аз вуҷуди инсон ҳеч кадомро наметавон гуфт шарр аст ва холӣ аз ҳикмат аст ва ҳамон тавр, ки аъзо ва ҷавореҳи бадани инсон ҳеч кадом беҳикмат нест (як раги рез, як узви кучак, як мӯ дар бадани инсон ё ҳайвони ёфт намешавад, ки зоид ва беҳикмат буда бошад), ҳамин тавр ҳам дар қувваҳо ва ғароиз ва аъзои руҳии инсон, дар майлҳо ва рағбатҳои инсон ҳеч майлу рағбат ва алоқаи табиӣ ва фитрӣ нест, ки беҳикмат бошад, ҳадаф ва мақсаде надошта бошад, ҳамаи инҳо ҳикмат дорад. Алоқа ба фарзанд, алоқа ба падару модар, алоқа ба ҳамсар, алоқа ба молу сарват, алоқа ба пеш афтодан ва тақаддум, алоқа ба эҳтиром ва маҳбубият, ҳамаи инҳо ҳикматҳои бузурге дорад, ки бидуни инҳо асоси зиндагии башар аз ҳам пошида мешавад.

Ба илова, худи Қуръони Карим ҳамин муҳаббатҳоро ба унвони нишонаҳои ҳикмати парвардигор зикр мекунад. Масалан, дар сураи Рум дар радифи ин ки хилқати башар ва хоб ва баъзе чизҳои дигарро аз оятҳо ва нишонаҳои ҳикмат ва тадбири Худованд зикр мекунад, мефармояд:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُمْ مِنْ أَنْفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُمْ مَوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ

(Рум/21) Яъне яке аз нишонаҳои парвардигор он аст, ки аз ҷинси худи шумо одамиён барои шумо ҷуфт ва ҳамсар офарид ва миёни шумо маваддат ва муҳаббат эҷод кард ва дар ин ҳақиқат, нишонаҳо аз тадбир ва тасхир ва ҳикмати парвардигор аст барои касоне, ки дар ин масоил фикр кунанд.

Агар муҳаббати ҳамсар бад мебуд, дар ин оят ба унвони яке аз нишонаҳо ва осори ҳикмат ва тадобири ҳакимонаи Худованд зикр намешуд.

Мусалламан ин алоқа дар табиати мардум ниҳода шуда ва хеле возеҳ аст, ки ин алоиқ муқаддима ва василае аст барои ин ки умури ҷаҳон назму гардиши муназзами худро дошта бошад. Агар ин алоиқ набуд, на насл идома пайдо мекард ва на зиндагӣ ва тамаддун пеш мерафт ва на кору касб ва ҳаракату ҷунбише дар кор буд, балки башаре дар рӯйи замин боқӣ намемонд.

Роҳи ҳалҳо

Ин, ду тафсир ва ду назар дар бораи дунё: яке, назари касоне, ки олами дунёро биззот олами шарру фасод ва табоҳӣ медонанд ва яке, назари касоне, ки худи дунёро хуб медонанд, аммо алоқа ва муҳаббат ба дунёро бад медонанд.

Аммо онҳо, ки ба тамоми дунё ва ҳастӣ бо назари бадбинӣ нигоҳ мекунанд ва ҳастӣ ва ҳаётро шарр ва табоҳӣ медонанд, роҳи чора ва роҳи ҳалле ҳам барои саодати башар ва наҷоти ӯ аз бадбахтӣ надоранд, магар пучигароӣ ва худкушӣ. Сахифтарин суханон ҳамин сухан аст ва бадбахттарини мардуми дунё ҳам ҳамин ашхос ҳастанд. Инҳо ба қавли Уилям Ҷеймс, монанди муше, ки дар зери тала ҷирҷир мекунад, бояд оҳ бикашанд ва нола кунанд.

Вале онҳое, ки гуфтаанд, худи дунё бад нест, алоқаи ба дунё бад аст, мегӯянд, чунин нест, ки бояд сӯхту сохт, роҳи ҳалл барои саодати башар ва наҷоти ӯ аз бадбахтӣ ин аст, ки бо ин алоқаҳо мубориза ва решаи онҳо канда шавад, он вақт инсон аз чанголи шурур раҳоӣ меёбад ва шоҳиди саодатро дар оғӯш мегирад.

Дар ҷавоби ин гурӯҳ бояд гуфт: гузашта аз ин ки қувваҳо ва майлҳо ва рағбатҳои табиӣ ва фитрӣ, ки дар руҳ аст, тибқи як назари фалсафии дақиқ — ки ахиран равоншиносӣ ҳам онро таъйид кард — қобили қалъу қамъ кардан ва решакан кардан нест ва ҳаддиаксар ин аст, ки дар асари риёзатҳо ва муҷоҳидатҳо пасронда шавад ва ба шуъури ботин бигурезад ва баъд аҳёнан ба сурати хатарноке аз маҷрои дигаре бурузу зуҳур кунад ва тавлиди бемориҳои руҳӣ ва асабӣ бинамояд, қатъи назар аз ин ҷиҳат, қатъи решаи алоиқ сад дар сад бар зарари башар аст, дуруст мисли ин аст, ки узве аз аъзои ӯро — даст ё по ё чашм ё биниро — қатъ кунанд.

Ҳар қувва ва ғаризае нерӯе аст дар вуҷуди инсон ва барои эҷоди ҳаракате ва коре дар вуҷуди инсон гузошта шуда, лағву абас дар хилқат нест, ба чӣ ҷиҳат бояд маркази ин нерӯро хароб карда ва аз байн бурд?

Мантиқи Қуръон

Он чизе, ки аз Қуръони Карим истифода мешавад ин нест, ки асосан алоқа ва муҳаббат ба коинот бад аст ва роҳи чора ҳам ин таъйин нашуда, ки алоиқ ва муҳаббатҳоро бояд саркӯб кард. Он матлаб, матлаби дигаре аст ва роҳи чора ҳам ғайр ин аст.

Он чи Қуръон онро мазмум мешуморад, алоқа ба маънии баста будан ва дилхуш будан ва қонеъ будан ва ризоят додан ба умури моддии дунявӣ аст. Қуръон мефармояд:

الْمَالُ وَالْبَنُونَ زِينَةُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَالْبَاقِيَاتُ الصَّالِحَاتُ خَيْرٌ عِنْدَ رَبِّكَ ثَوَابًا وَخَيْرٌ أَمَلًا

(Каҳф/46) Яъне сарват ва фарзандон мояи равнақи зиндагии ҳамин дунёст ва аммо аъмоли солеҳ, ки боқӣ мемонанд аз назари подоши илоҳӣ ва аз назари ин ки инсон онҳоро ҳадаф ва идеал қарор диҳад, беҳтаранд.

Пас сухан дар ҳадаф ва идеал ва камоли матлуб аст.

Қуръони Карим аҳли дунёро ин тавр васф мекунад:

إِنَّ الَّذِينَ لَا يَرْجُونَ لِقَاءَنَا وَرَضُوا بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاطْمَأَنُّوا بِهَا وَالَّذِينَ هُمْ عَنْ آيَاتِنَا غَافِلُونَ

(Юнус/7) Онҳое, ки умедвор ба мулоқоти мо нестанд ва ризоят додаанд ба зиндагии дунё ва ба он ором гирифтаанд ва онҳо, ки аз оятҳои мо ғофиланд.

Дар ин оят сухан аз мазмум будан ва ризоят додан ва қонеъ шудан ва ором гирифтан ба моддиёт аст. Ин, васфи аҳли дунёст ба маънои мазмуми он.

Ё мефармояд:

فَأَعْرِضْ عَنْ مَنْ تَوَلَّى عَنْ ذِكْرِنَا وَلَمْ يُرِدْ إِلَّا الْحَيَاةَ الدُّنْيَا. ذَلِكَ مَبْلَغُهُمْ مِنَ الْعِلْمِ

(Наҷм/29 ва 30) Яъне рӯ бигардон аз онҳо, ки ба Қуръон пушт кардаанд ва ҷуз зиндагии дунё намехоҳанд ва ҳадди илмӣ ва сатҳи фикрии онҳо ҳамин қадр аст.

Боз ҳам сухан дар бораи афроде аст, ки ҷуз дунё ҳадаф ва матлубе надоранд ва сатҳи фикрашон аз моддиёт болотар нест.

Ё мефармояд:

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاءِ وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنْطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالْأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللَّهُ عِنْدَهُ حُسْنُ الْمَآبِ

(Оли Имрон/14) Алоқа ба шаҳавот аз қабили зану фарзандон ва тилло ва нуқра ва аспони олӣ ва чаҳорпоён ва кишту заръ дар назари инҳо ҷилва кардааст; инҳо колои дунёст ва оқибати нек бо Худост.

Дар ин оят низ сухан аз сирфи майлу рағбати табиӣ нест; сухан дар ин аст, ки муҳаббат ба мазоҳири шаҳват дар назари баъзе аз мардум зинат дода шуда ва бузургтар ва зеботар аз он чи ки ҳаст ҷилва дода шуда ва афродро ба худ машғулу мафтун кардааст ва ба сурати камоли матлуб даромадааст.

Ё мефармояд:

أَرَضِيتُمْ بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الْآخِرَةِ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الْآخِرَةِ إِلَّا قَلِيلٌ

(Тавба/38) Оё ба дунё ба ивази охират ризоят додаед? Дунё нисбат ба охират ҷуз андаке нест.

Ҳамаи инҳо интиқод аз дилхушӣ ва ризоят ва қаноат ба алоиқи дунявӣ аст.

Фарқ аст байни алоқа ба молу фарзанд ва соири шуъуни зиндагии дунёвӣ ва байни қонеъ будан ва ризоят додан ва ғояти омол қарор додани инҳо. Вақте, ки нуқтаи ҳадаф, ҷилавгирӣ аз инҳисор ва маҳдуд шудани башар ба алоиқи моддӣ бошад, роҳи чора саркӯб кардан ва қатъу буридани алоиқи табиии моддӣ ва мунҳадим кардани ин нерӯҳо нест, балки роҳи чора озод кардан ва ба кор андохтани як силсила алоиқи дигаре аст дар башар, ки онҳо баъд аз алоиқи ҷисмӣ пайдо мешаванд ва эҳтиёҷ ба таҳрик ва эҳё доранд.

Пас дар ҳақиқат таълимоти динӣ барои бедор кардани шуъурҳои олитаре дар инсон аст ва он шуъурҳо дар ғариза ва фитрати башар ҳастанд ва чун олитаранд ва аз мақоми олии инсон сарчашма мегиранд, дертар бедор мешаванд ва эҳтиёҷ ба таҳрик ва эҳё ва бедор кардан доранд. Он шуъурҳо марбут ба маънавиёт аст.

Ҳар алоқае чашмае аст аз руҳи инсон, ки боз мешавад ва ҷорӣ мегардад.

Мақсуди дин, бастани чашмаҳои маҳсуси моддӣ нест; мақсуд боз кардан ва кӯшиш барои ҷорӣ сохтани чашмаҳои дигар аст, яъне чашмаҳои маънавиёт. Ва ё ба иборати дигар, ҳадаф маҳдуд кардан ва кам кардани нерӯҳои маҳсус аз он миқдор, ки дар матни хилқат ба дасти ҳикмати парвардигор офарида шуда нест, балки ҳадаф, озод кардани як силсила нерӯҳои маънавӣ аст, ки эҳтиёҷ ба озод шудан дорад. Бо як мисоли содда матлабро тавзеҳ медиҳем:

Инсон фарзанде дорад ва ӯро ба мадраса мефиристад. Вақте, ки мебинад он бачча тамоми алоқа ва ҳимматаш ба бозӣ ва шикамхорагӣ аст, нороҳат мешавад ва ӯро мавриди итоб қарор медиҳад, ӯро бозигӯш ва шикамхора мехонад ва бо ин ановин ӯро маломат мекунад, зеро майл дорад, ки дар он бачча алоқа ба дарс ва китоб ва хондан ва навиштан пайдо бишавад. Ин алоиқ табъан аз алоқа ба бозӣ ва хӯрок дертар дар бачча пайдо мешавад, ба илова эҳтиёҷ дорад ба таҳрик ва ташвиқ. Ғаризаи илм дар ҳар башаре ҳаст, дар айни ҳол бояд онро таҳрик кард.

Вале ин далел нест, ки падар мехоҳад фарзандаш асосан рағбате ба бозӣ ва рағбате ба ғизо ва истироҳат надошта бошад. Агар рӯзе эҳсос кунад, ки майл ба бозӣ ё ба ғизо аз бачча салб шуда фавқулъода нороҳат мешавад ва онро далел бар як навъ беморӣ мегирад ва ба табиб муроҷеа мекунад, зеро медонад баччаи солим дар айни ҳол, ки бояд ба мадраса ва китоб алоқа дошта бошад, бояд нишот дошта бошад ва ба мавқеъ бозӣ кунад, ба мавқеъ ғизо бихӯрад. Пас вақте, ки падар фарзандро ба унвони бозигӯш ё шикаму маломат мекунад, дар ҳақиқат аз ҳаср ва инҳисори алоқаи ӯ ба бозӣ ё хӯрдан нолон аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тақво ва покдоманӣ
Амрико: “Дар паи даргирӣ бо Ҳусиҳо нестем”

Матолиби пурбоздид