Оё низоми демукротик дар ҳоли фурупошист?

Оё низоми демукротик дар ҳоли фурупошист?

Бӯҳронҳое, ки мо бо он мувоҷеҳ ҳастем зиёданд ва ҳад надоранд: гармоиши сайёраи замин, бемориҳои ҳамагир ва хатари ҷанги ҳастаӣ, ки ҳамагӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ бо иттифоқи кишварҳо бартараф шаванд. Оё метавонем ба самти ҳамкорӣ ҳаракат кунем ё бояд ба самти таҳрики якдигар гом бардорем монанди тавофуқи зердарёии ҳастаӣ? Ман гумон мекунам, мо бояд ба самти ҳамкорӣ ва як ҳисобрасии дақиқ ва содиқона дар бораи ба истилоҳ «таҳдиди Чин» ҳаракат кунем.

Нуом Чомски

Ману шумо дар мавриди саркӯби хашин дар Чин ё дар мавриди фасод ва саркӯби Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар он кишвар наметавонем коре анҷом диҳем. Мо танҳо метавонем ибрози таассуф кунем ва бигӯем, ин рӯйдодҳо манфӣ ҳастанд. Мо наметавонем кори зиёде дар мавриди он чи дар дар он ду кишвар (Чин ва Русия) рух медиҳанд анҷом диҳем. Мо метавонем корҳои зиёдеро дар мавриди ҷомеаи худ (Иёлоти Муттаҳидаи Омрико) анҷом диҳем. Ҷомеаи мо дар маърази як фурӯпошии ҷиддӣ қарор дорад.

Ин танҳо назари ман нест, метавонед назари ҳушёртарин ва мӯҳтарамтарин муфассирони ҷаҳонро бихонед. Рӯзномаи Фойннешол Тоймзи Ландан, нашрияи тиҷории пешрав дар ҷаҳонро дар назар гиред. Мортин Вулф, сутуннависи аслии он, ки фарде мавриди эҳтиром ва ҳушёр аст ва маъмулан иғроқ намекунад, ёддоштҳоеро навишта, ки нишондиҳандаи нигаронии амиқи ӯ дар мавриди чигунагии ҳаракати Амрико ба сӯи худкомагии хушунатборест.

Низоми демукротик дар ҳоли фурӯпошӣ аст. Ин як воқеияти комилан шинохташуда аст ва мо метавонем корҳои зиёде дар мавриди он анҷом диҳем. Пас биёед нигарони ин мавзӯъ бошем. То он ҷо ки ба сиёсати хориҷӣ марбут мешавад, мавориде вуҷуд доранд, ки бояд дар назар дошт. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Чин як қудрати дар ҳоли рушд аст, бояд аз худ бипурсем, мафҳуми «таҳдиди Чин» чист, ки мо барои муқобилаи бо он басиҷ мешавем? Ташхиси он чандон осон нест. Нахуствазири собиқи Устролиё мегӯяд, мо дар «чанголи аждаҳо» (Чин) қарор дорем. Як давлатмарди барҷастаи байналмилалӣ ахиран мақолае дар матбуоти Устролиё навишт ва аз ӯ пурсиданд: «таҳдиди Чин дақиқан чист»? Ва посухи нависанда ин буд: «Мавҷудият ва вуҷуди Чин». Вуҷуди Чин як таҳдид аст.

Он чи мо аз он таҳти унвони «таҳдиди Чин» ёд мекунем, дар марзҳои Чин аст, на дар Короиб ва марзҳои Колифорниё. Мо мегӯем Чин дар марзҳои худ монанди Ҳункунг корҳоеро анҷом медиҳад, ки мо онро дӯст надорем ва набояд дӯст дошта бошем. Оё ин таҳдиде аз ҷониби Чин аст? Чин як пойгоҳи низомӣ дар хориҷ аз кишвар дар Ҷибутӣ дорад. Иёлоти Муттаҳида аммо дорои 800 пойгоҳи низомӣ аст, ки бисёре аз ин пойгоҳҳо дар савоҳили Чин буда ва қодир ба партоби мушакҳои муҷаҳҳаз ба кулоҳаки ҳастаӣ алайҳи Чин ҳастанд.

Мо ба тозагӣ тасмим гирифтаем зердарёиҳои ҳастаиро ба Устролиё эъзом кунем. Иқдомоти инчунинӣ аст, ки Чинро водор месозад, то нерӯи низомии худро ба шиддат тақвият кунад ва бо ин таҳдиди бузург муқобила намояд.

Дуввум он ки бояд бидонем, ки оё Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар солҳои оянда бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард ё дар ғайри ин сурат ҳамагии мо маҳкум ба фано ҳастем? Ба ҳамин соддагӣ. Бӯҳронҳое, ки мо бо он мувоҷеҳ ҳастем зиёданд ва ҳад надоранд: гармоиши сайёраи замин, бемориҳои ҳамагир ва хатари ҷанги ҳастаӣ, ки ҳамагӣ бояд дар сатҳи байналмилалӣ бо иттифоқи кишварҳо бартараф шаванд. Оё метавонем ба самти ҳамкорӣ ҳаракат кунем ё бояд ба самти таҳрики якдигар гом бардорем, монанди тавофуқи зердарёии ҳастаӣ? Ман гумон мекунам, мо бояд ба самти ҳамкорӣ ва як ҳисобрасии дақиқ ва содиқона дар бораи ба истилоҳ «таҳдиди Чин» ҳаракат кунем.

Чаро чандин даҳа аст, ки Куборо шиканҷа мекунем? Оё таҳдиде аз сӯи Кубо вуҷуд дорад? Чаро корзорҳои теруристии бузургро дар Кубо созмондиҳӣ кардаем ё таҳримҳоеро алайҳи он кишвар вазъ кардаем, ки ҷаҳон бо он мухолиф аст? Ба охирин раъйгирӣ дар Созмони Милал нигоҳ кунед: 184 раъйи мухолиф дар муқобили 2 раъйи мувофиқ, ки яке Амрико буд ва дигаре Исроил, ки яке аз ҳампаймонҳои аслии Амрикост.

Яке аз маҳосини Амрико он аст, ки ҷомеае бисёр озод ва боз дорад. Ва агар бихоҳем, метавонем далоили ин сиёсатро дарк кунем. Метавонем ба давлатҳои Ҷонсун ва Кеннедӣ бозгардем ва бибинем онон чӣ карданд.

Он чи онон мегуфтанд ин аст, ки мушкили Кубои Костру сарпечии муваффақиятомези он кишвар аз сиёсатҳои амрико буда. Хуб, ҳоло мо бояд мардуми Куборо шиканҷа карда, иқтисоди ононро нобуд кунем ва кулли ҷаҳонро таҳқир кунем ва ба далели қудрати Амрико ҷаҳонро маҷбур ба риояти таҳримҳои вазъшуда аз сӯи Вошингтун созем?

Урупо ва Осиё бо назари мо мухолиф ҳастанд, аммо мо ононро маҷбур ба риоят ва пайравӣ аз таҳримҳо мекунем, дар ғайри ин сурат ононро аз системи молии байналмилалӣ ихроҷ мекунем. Оё воқеан ин кишваре аст, ки мо амрикоиҳо мехоҳем дошта бошем?

Бори дигар дар мавриди «таҳдиди Чин» аз худ бипурсед. Агар Чин шурӯъ ба тақлид аз рафтори Амрико кунад ва чиниҳо навъи рафтори мо бо Куборо бо Тойвон анҷом диҳанд, бояд нигарон шавем. Ин дар ҳолест, ки Чин чунин коре накардааст. Ин мо ҳастем, ки дар сар то сари дунё ин корро анҷом медиҳем.

Мо Куборо шиканҷа мекунем ва ба муттаҳиди саудии худ таслиҳот ва иттилоот ироа медиҳем, то бадтарин бӯҳрони инсониро дар ҷаҳон дар Яман эҷод кунад. Ин мо ҳастем, ки 2 миллион нафарро, ки ниме аз онон кӯдак ҳастанд, дар Ғазза зиндонӣ ва муҳосира кардаем, дар шароите, ки кӯдакон дар онҷо ба далели фуқдони оби ошомидании солим масмум мешаванд. Ин корест, ки мо анҷом медиҳем.

Албатта дар мавриди иқдомоти Чин дар Уйғуристон, ин иқдомот ваҳшатнок ва ба шиддат саркӯбгарона ҳастанд. Албатта намедонам ба бадии коре ҳастанд, ки мо дар Ғазза анҷом медиҳем ё хайр эҳтимолан дар он ҳадд бад нестанд, аммо мутмаиннан иқдомоте бад ва манфӣ ҳастанд.

Як миллион нафар дар урдугоҳҳои бозомӯзӣ дар Чин қарор дода шудаанд ва шавоҳид нишондиҳандаи нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар қиболи онон ҳастанд. Бо ин вуҷуд, ин корро бо ҷиноёти мо (Амрико) дар сар то сари ҷаҳон муқоиса кунед, мо ин корро на бо як миллион, балки бо ду миллион нафар дар Ғазза анҷом медиҳем. Таслиҳот ва ҳимояти диплумотики мо амрикоиҳо аз Исроил боиси нобудии системи фозилоб ва барқи Ғазза шуда ва мардуми он минтақаро қатли ом мекунад. Аз бисёре ҷиҳот, масъалаи Уйғуристон мутафовит аз Ғазза аст. Мо наметавонем дар мавриди коре, ки давлати Чин дар Уйғуристон анҷом медиҳад, иқдоме кунем.

Мо метавонем бештар бар рӯйи вазъияти худ таъсиргузор бошем. Дуруст аст, набояд дар мавриди ҷинояти дигарон сукут кард, аммо бояд пурсид чаро иддае мехоҳанд доиман ба ҷиноёти дигар ишора кунанд ва ба мизони бисёр камтаре ба ҷиноёти Амрико таваҷҷӯҳ дошта бошанд? Таваҷҷӯҳ ба ҷиноёти худамон фоидаи зиёде дорад. Бале, мо бояд нигарони ҷиноёти дигарон бошем, аммо на дар ҳадде, ки нисбат ба ҷиноёти худ бетаваҷҷӯҳӣ кунем. Мо бояд аз ин асли ахлоқӣ пайравӣ кунем, ки бештар дар мавриди он чи худ метавонем бар рӯйи он таъсиргузор бошем нигарон шавем.

(Манбаъ: пойгоҳи интернетии Кимиёи саодат, ба нақл аз fararu)

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Футуввату ҷавонмардӣ
Сафари расмии президенти “Исроил” ба Баҳрайн таҳти ҳимояти шадид

Матолиби пурбоздид