Оё рост намегӯяд?!
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Оятуллоҳ Хоманаӣ, дирӯз дар суханоне, бо ишора ба ошкор шудани дурӯғи иддаоҳои ғарбиҳо дар бораи ҳуқуқи башар ва нифоқи онҳо гуфт:
“Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як муҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30 ҳазор инсони бегуноҳ дар Ғазза чашми худро бастаанд ва Омрико бо вақоҳати тамом ва барои чандумин бор, қатъномаи қатъи бомбборони Ғаззаро вето мекунад.”
Вай афзуд: “Ин, чеҳраи воқеии фарҳанг ва тамаддун ва либерол-демукросии ғарбӣ аст, ки дар зоҳири он, сиёсатмадорон утукашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин, як саги ҳор ва гурги хунхор аст.”
* * *
Дар дуруст будани ин гуфтаҳо, гумон намекунам касе шакку тардид дошта бошад.
Оё рост нест?
Оё чунин нест, ки ҳамин ғарбиҳо, ки дар бораи ҳуқуқи башар гӯши ҳамаи инсонҳои гетиро пур мекунанд, аммо дар робита бо фоҷеаи Ғазза, ки инак аз 4 моҳ аз он мегузарад ва ҳудуди 30 ҳазор инсони бегуноҳ кушта шуда ва наздик ба 100 ҳазор инсон маҷрӯҳ, ки аксарияти ин кушташудаҳо ва захмиҳо занону кӯдакон ҳастанд, кулӯх ба лаб ниҳода ва чунон вонамуд мекунанд, ки гӯӣ ҳеч иттифоқе рух намедиҳад?
Оё чунин нест?!
Ё мардуми Ғазза, инсон ва башар шумурда намешаванд, ки ҳаққу ҳуқуқе барояшон қоил бошем?!
Оё Оятуллоҳ Хоманаӣ рост намегӯяд он ҷо, ки дар бораи тамаддуни ғарбӣ мегӯяд, ки: “дар зоҳири он, сиёсатмадорон утукашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин, як саги ҳор ва гурги хунхор аст”?!
Оё чунин нест?
Касоне, ки бо Оятуллоҳ Хоманаӣ ва ё низоми ҳоким дар Эрон мушкил доранд (ҳоло ё ба ҷиҳати мазҳабӣ ва ё ба ҷиҳати сиёсӣ), шояд ҳарфу ҳадисҳое дар бораи шахси ин мард ва ё низоми ҳоким дар Эрон дошта ва суханро ба сӯйи дигар бикашанд, хуб, фарз кунед, ин ҳарфро на ӯ, балки як каси дигар гуфта, масалан, Ҷу Бойден (бо ин ки якчунин сухан аз ӯ дар ҳоли ҳозир маҳол аст, аммо фарз кардем, ӯ чунин гуфта). Хуб, дар ин сурат, ӯ оё нодуруст мегӯяд? Оё воқеан сиёсатмадорони ғарбӣ мавзеъи риёкорона нагирифтаанд? Ба дараҷае, ки онҳо ҳатто шабакаҳои иҷтимоиро аз пӯшиш додани фоҷеаҳои Ғазза маҳрум кардаанд.
Ҳоло инро ҳам изофа мекунам: на танҳо сиёсатмадорони ғарбӣ, балки мақомоти кишварҳои исломӣ низ ва болотар аз он, ҳатто касоне аз сиёсатмадорон ва рӯзноманигорон ва ба истилоҳ, зиёиён ва нависандаҳо ва шоирон ва куллан ағлаб, ҳатто дар Тоҷикистони худамон, чӣ мухолифонаш ва чӣ мувофиқони он, ҳама кулӯх ба лаб ниҳодаанд ва чизе намегӯянд. Гӯ ин ки инҳо низ ҳеч фарқ ва тафовуте бо сиёсмадорони ғарбӣ надоранд, дуруст мисли онҳо гаштаанд; як мушт мокиёвелистҳои ноодам, ки дам аз ҳуқуқи башар ҳам мезананд.
Оё дурӯғ будани ҳамаи ин шиорҳо ошкор нашуд?
Магар ҳамин ду се рӯз пеш нозири чунин саҳнае набудем? Касоне, ки 4 моҳ аст кулӯх ба лаб гирифта буданд, якдафъа бо мурдани Навалний, ҳуқуқи инсон ба ёдашон омад ва як ҳафта бештар аст, ки гӯши ҳамаро пур кардаанд.
Ин ки мегӯянд, фаластиниҳо ба мани тоҷик чӣ рабте доранд, ба онҳо бояд гуфт: барои туи тоҷик чӣ фарқе байни як фаластинӣ ва як рус дорад, ки барои ин дуввумӣ даҳонатро медарронӣ ва барои аввалӣ ба ман мегӯӣ, ӯ бо ту бегона аст?!
Воқеан ин сухани Оятуллоҳ Хоманаӣ на танҳо дар робита бо ғарбиҳо, балки бо мо низ рост аст, ки “барои эъдоми як муҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, (вале) дар баробари куштори 30 ҳазор инсони бегуноҳ дар Ғазза чашми худро бастаанд ва Омрико бо вақоҳати тамом ва барои чандумин бор, қатъномаи қатъи бомбборони Ғаззаро вето мекунад.”
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн