Оё саҳюнистҳо аз Фаластин берун ронда мешаванд?

Таҳлили хабарӣ

Оё саҳюнистҳо аз Фаластин берун ронда мешаванд?

Посухи коршинос

Суол: Суол ин аст, ки оё саҳюнистҳо аз сарзанминҳои ишғолии Фалстин берун ронда мешаванд? Оё ҳамчунин чизе имкон дорад? Агар имкон дорад, ба як намуна ишора кунед ва ё далели худро баён кунед.

Посухи коршинос:

Яке аз дӯстони маҷозӣ бо таваҷҷӯҳ ба ин ки имрӯзҳо бештар аз Фаластин менависам, ин суолро матраҳ карда, ки лоақал як намуна биёварам, ки нишон бидиҳад то ин кашмакаш ва набард ба пирӯзии ниҳоӣ мерасад, ки ҳоло ҷавоби ӯро менависам:

Намуна зиёд аст, аммо ба дутои боризи он ишора мекунам. Ва он ин ки: азизон медонанд, ки саҳюнистҳо дилашон мехост кишвари онҳо аз Нил (дар Миср) то Фурот (дар Ироқ) бошад ва ба ҳамин манзур дар соли 1980 Лубнонро (дар шимол) ишғол ва таҳти тасарруф доштанд. Пойтахти Лубнон шаҳри Бейрут дар дасти онҳо буд. Лубнонро ҷузъе аз “Исроил” қарор дода буданд. Аммо Ҳизбуллоҳи Лубнон дар муддати 20 соли набард бо саҳюнистҳо билохира кишвари худро озод сохт ва бо як зиллат артиши “Исроил” аз ин кишвар берун ронда шуд. Ин аз шимол.

Ва аммо дар ҷануб дар натиҷаи ҷанг дар 30 сол артиши “Исроил” ба хорӣ ва зиллат аз Ғазза хориҷ карда шуд ва имрӯза Ғазза ба дасти Ҳамос идора мешавад. Оё саҳюнистҳо худашон хориҷ шуданд? На, ҳаргиз! Онҳоро мардуми Фаластин ва муҷоҳидони фаластинӣ хориҷ карданд. Имрӯза сарзамине аз Фаластин, ки саҳюнистҳо дар он ҳукумат мекунанд, бисёр кӯчак аст; кучактар аз ҳатто Лубнон.

Ҳоло ин ҷанг идома дорад ва шояд ҳоло солҳо идома ёбад, пирӯзӣ кори якшаба нест, тоза ҷанги чарикӣ ва портизонӣ. Аммо натиҷа хоҳад дод иншоаллоҳ! Ба чашматон хоҳед дид, ки саҳюнистҳо аз ҳамин заминҳои боқимонда низ берун ронда хоҳанд шуд. Фақат каме сабр мехоҳаду ҳавсала.

Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнус Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти малик ва дарвеши тамаъкор
КИТОБ ВА МУШКИЛОТИ ҶОМЕА

Матолиби пурбоздид