Оё Туркия бо Исроил ҳамкорӣ мекунад?
Ахбори байналмилал
Раҳбари Ҳизби Рафоҳи Туркия хитоб ба Ардуғон: “Оё шоистаи Туркия аст, ки алайҳи Эрон бо Исроил ҳамкорӣ кунад?”
Чанд рӯзест, ки титри бештари расонаҳо ин ҷумла аст, ки оё ҳанӯз ҳам Туркия бо Исроил ҳамкорӣ дорад? Ин ба он маъност, ки то муддате пештар, ҳамкории Туркия бо Исроил як амри воқеӣ будааст.
Фотеҳ Арбакон, фарзанди Наҷмуддин Арбакон, нахуствазири исломгарои фақиди Туркия ва раҳбари Ҳизби Рафоҳи Туркия, дар суханоне, аз сиёсати давлати Ардуғон дар заминаи адами қатъи комили равобити иқтисодӣ бо Исроил интиқод карда ва гуфт: “Ҳамкории наводагони имперотурии усмонӣ бо Исроил зебандаи ин кишвари исломӣ нест.”
Ба гузориши Ankahaber, Фотеҳ Арбакон, аз ин ки ба рағми гузашти наздик ба 7 моҳ аз оғози ҷанги Ғазза, давлати Туркия ҳамчунон ба баҳонаи бахши хусусӣ ва тавофуқномаи тиҷорати озод, мубодилоти иқтисодии худро бо режими Исроил идома медиҳад, ба шиддат интиқод кард.
Ӯ ҳамчунин, бо ишора ба ҳамлаи ахири Эрон ба Исроил гуфт: “Ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил бо 120 мушаки болистик ва 30 круз анҷом гирифт, ки беш аз 90 дарсади онҳоро системи дифоъии Исроил мавриди ҳадаф қарор дод ва ин ҳадафгириҳо дар сояи родорҳои пойгоҳи Куреҷик дар Туркия анҷом шуд.”
Арбакон афзуд: “Ба “лутфи” пойгоҳи Куреҷик буд, ки ин мушакҳо зуд шиносоӣ шуданд ва иқдомоти эҳтиётӣ анҷом шуд. Оё ин сиёсат барои мо муносиб аст? Ин пойгоҳ, ки комилан барои муҳофизат аз режими саҳюнистӣ дар баробари ҳамалоти Эрон эҷод шудааст, бояд баста шавад.”
Ин шахсияти сиёсии Туркия дар идома гуфт: “Дар натиҷаи изҳороти мо, ниҳоди риёсати ҷумҳурии Туркия баёнияе содир карда ва гуфта, ки “иттилооти ба даст омада тавассути пойгоҳи родории Куреҷик бо кишварҳои НАТО ба иштирок гузошта мешавад, на бо Исроил”. Дар миёни кишварҳои НАТО, Омрико ва Ангилис низ вуҷуд доранд. Бинобар ин додани иттилоот ба ин кишварҳо яъне додани он ба Исроил. Чӣ касе метавонад тазмин кунад, ки Иёлоти Муттаҳида ин додаҳоро намегирад ва бо Исроил ба иштирок намегузорад?”
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: