Оё чашматон он чиро дар Ғазза иттифоқ меафтад намебинад?

Таҳлили хабарӣ

Оё чашматон он чиро дар Ғазза иттифоқ меафтад намебинад?

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вокуниши бархе азизон ба ҷинояти як шаҳрванди Белорусия – ки мегӯянд, яҳудитабор аст – бо як кӯдак дар фурудгоҳи Маскав, воқеан аҷиб аст!

Аз он ҷо, ки ин ҷиноят ба ҳаддест, ки дили ҳар инсонеро реш мекунад, азизон саъй карданд бигӯянд, ки ин мард аввалан яҳудӣ нест ва сониян бемори равонӣ аст; саъй мекунанд домани яҳудро аз якчунин ҷинояте табриа карда бошанд.

Аммо чаро иртикоби якчунин ҷиноятеро аз домани ин мардум баъид медонед? Оё медонед, ин ҷиноят, дар баробари ҷиноятҳое, ки дар ду соли ахир дар Ғазза иттифоқ меафтад ва ҳанӯз дар ҳоли вуқӯъ аст, чизе нест?!

Магар он чи аз ҷиноятҳо дар Ғаззаро, ки иттифоқ меафтад ва қалам аз баёни онҳо шармсор аст, намебинед?!

Магар артиши Исроил кӯдак намекушад?! Тоза, сарбозони саҳюнист ҷиноятҳои худро ба навор бармедоранд ва дар фазои маҷозӣ пахш мекунанд.

Оё инҳоро намебинед ё худро ба надидан мегиред?!

Оё медонед, алъон дар Ғазза ҳатто як бемористон боқӣ намонда, ки маризҳо дар он дармон шаванд?! Ҳамаро артиши Исроил бо замин яксон карда.

Оё медонед, дар зарфи ин ду сол, беш аз 50 ҳазор ИНСОН, ки аксараш кӯдаку зан ҳастанд, дар навори Ғазза кушта шуданд?! Инҳоро мебинед ё на?!

Ҷинояти ин ҳаромлуқма, ки дар фурудгоҳи Маскав муртакиб шуд, дар баробари он ҷиноятҳо, ки ду сол аст иттифоқ меафтад, чизе нест.

Ман яҳудиситез ва ба истилоҳ, антисемит нестам. Абадан! Яҳуд аз он назар, ки яҳуданд, дар назари мо аҳли китобанд, банӣ одаманд ба қавли Саъдӣ.

Балки ҳарфи ман – ки дар ин айём бештар ҳувайдо мешавад – дар бораи ин як идда саҳюнисти нажопарасти кӯдаккуш аст, ки 80 сол пеш ба сарзамине юриш бурданд ва сокинонашро берун ронданд ва барои худ давлат дуруст карданд ва инак дар сарзамини дигарон сукунат доранд, инҳо ғосибанд. Оё ҷинояте бадтар аз ин, ки ҳоло мо саъй кунем домани онҳоро аз ҷиноят пок созем, вуҷуд дорад?

Ин аст тамоми қисса!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хубӣ ва некӣ мисли борон аст – барои ҳама меборад
Расонаҳои исроилӣ: Ҳазорон нафар пас аз ҷанги Ҳизбуллоҳ ба хонаҳои худ барнагаштаанд

Матолиби пурбоздид