Оғози роҳандозии озмоишии долони ҳамлу нақли чандваҷҳии Чин то Туркманистон тавассути Осиёи Марказӣ

Оғози роҳандозии озмоишии долони ҳамлу нақли чандваҷҳии Чин то Туркманистон тавассути Осиёи Марказӣ

Ахбори минтақа

Бар асоси гузоришоти расида, 15-октябр дар шаҳри Кошғари вилояти Синҷони Чин, маросими оғози озмоишии долони ҳамлу нақли чандваҷҳии Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Туркманистон баргузор шуд.

Ин ташаббус бахше аз тарҳи “Камарбанд ва Роҳ” буда, ҳадафаш таъсиси долони нави тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар марҳалаи озмоишӣ ду роҳ фаъол шудааст:

Роҳи аввал интиқоли борҳоро аз шаҳрҳои Сиан ва Ченгду тавассути роҳи оҳан ба Кошғар, сипас аз гузаргоҳи Эркештам ба Қирғизистон ва идомаи он бо роҳи оҳан то бандари Туркманбошии Туркманистон мебошад, ки аз он ҷо борҳо тавассути роҳҳои баҳрӣ ба Боку (Озарбойҷон) фиристода мешаванд.

Роҳи дувум интиқоли мустақими борҳо тавассути роҳи автомобилгарди Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон – Туркманистон аст, ки бори аввал бо нақлиёти чинӣ анҷом дода шуда, то шаҳри Ишқобод идома меёбад.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оғози форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest – 2025” дар Тоҷикистон
Дидори вузарои умури хориҷаи Қазоқистон ва Италия

Матолиби пурбоздид