Падида

Таҳлили хабарӣ

Падида

Меҳмоншо Шарифзода

Қавме дар ин фикр буданд, ки давлат, давлатдорӣ ва фарҳанг дар ин сарзамин дар кор аст ва ин солҳо пайваста мегуфтанд “ба хотири амният озодиро ҳам бояд қурбон кард” ва якҷо бо озодӣ имон, номус ва шарофати инсонии худро ҳам қурбон карданд.

Ин ҷо таноқузест (paradox), дар ин сарзамин аслан касоне дар бораи “озодӣ”, “амният” ва “давлатдорӣ” зиёд ҳарф мезананд, ки онҳоро надоранд. Ҳар ки озодӣ надорад ва чи будани озодиро дарк накардааст, имон, номус ва шарафи инсониро ҳам ба осони аз даст медиҳад. Табиист, чизеро ки надоранд наметавонанд қурбон кардан…

Аз як тараф, ин қавм худ дарк накарда сахт фиреб хурда буданд, зеро озодагон, ки ин ҳол ва ин ҳисси олӣ, озодиро таҷруба кардаанд онро ҳеҷ гоҳ гум нахоҳанд кард ва имрӯз зиёданд мардуми зиндонӣ буда, ки озодтар аз золимони дар банди ҷаҳл ва хоҳишҳои нафсони мондаи дар тахт буда ҳастанд.

Аз тарафи дигар, барои амният, – сиёсат ва давлтдорӣ зарур аст, ки ин ин ҳар ду дар ҷойи холи наметавонад пайдо шудан ва аз мардуми музофотии дар ҳошияи тамаддун аз ҳастии сиёсӣ бегона монда амният, фазосозӣ, шаҳрсозӣ ва давлатсозиро наметавон интизор буд.

Сиёсат ва давлатдорӣ танҳо бо фикр ва назарияи холӣ наметавонад будан ва ин ҷо боз будани сатҳи миллӣ, дигар будани нухбагони сиёсӣ ва роҳбари воқеъӣ зарур буданд то фазоӣ созандаи сиёсӣ дошта бошанд.

Мутассифона, чунон ки шоҳидем дар муддати солҳои “соҳибистиқлолӣ” ин қавм бо дастгирии хориҷиҳо сатҳи миллиро таҷовуз карданд ва шикастанд.

Дигар, ин қавм нухбагони сиёсӣ надошт ва надоранд ва аз суннатҳои сиёсат ва давлатдорӣ фарсахҳо дур буданд ва ҳастанд.

Ва сеюм, ин қавми аз тарафи хориҷиҳо ба мансаб расида танҳо ҳуқабоз ё шаёд (trickster) метавонист ва метавонад додан на роҳбар…

Шурбахтона, ин қавм мардуми ин сарзаминро, ки метавонаистанд фазои сиёсӣ ташкил кардан ва давлат сохтан пароканда карданд ва ин солҳо ба ҷои ташкили фазоӣ сиёсӣ, давлат ва двлатдорӣ —фасод, дуздӣ ва дуруғро ниҳодина ва инкишоф доданд…

Бубинед, ин қабилаи шоир -сиёсатшинос – рузноманигор – хокшап, ки солҳо боз шиори “ба хотири амният озодиро метавон қурбон кардан” дар даст доштанд ва муваққатан барои худ гушаи амне мебофтанд ва месохтанд дарк намекарданд ва намекунанд, ки оқибат ҳар дуро гум хоҳанд кард…

Ва он оқибат ҳамин руз аст, ки қисмати зиёди мардум на озодӣ доранд ва на амният ва имруз дар як раванди номуайян ва фоҷеаборе қарор гирифтаанд…

Меҳмоншо Шарифзода

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қазоқистон сафири толибонро ба расмият шинохт
Сайидҷамолуддини Асадободӣ – II

Матолиби пурбоздид