Партоби 8 мушак аз сӯйи Ҳизбуллоҳ ба мавозеи низомиёни исроилӣ

Партоби 8 мушак аз сӯйи Ҳизбуллоҳ ба мавозеи низомиёни исроилӣ

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Муқовамати Лубнон имрӯз (ҷумъа, 26 январ) низ мавозеъи низомиёни саҳюнистро дар Мазореъи ишғолии Шабъо дарҳам кӯбид ва зарбаи муҳлике ба ишғолгарон ворид кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Аннашра, манобеъи хабарӣ аз шиллики дастикам 8 мушак аз сӯйи муқовамати исломии Лубнон ба самти мавозеъи низомиёни саҳюнист дар Мазореъи ишғолии Шабъо хабар доданд.

Хабарнигори Алҷазира аз ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Айтарун дар ҷануби Лубнон хабар дод.

Аз сӯйи дигар, Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе эълом кард: маркази таҷаммӯъи низомиёни саҳюнистро дар атрофи қалъаи Ҳунин бо силоҳи муносиб ҳадаф қарор додем.

Радиои режими саҳюнистӣ аз шиллики мушак аз Лубнон ба самти минтақаи Ҷабалушшайх хабар дод.

Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард: размандагони мо подагони Маъолия-Гулонро бо мушакҳои “Фалақ 1” ҳадаф қарор доданд.

Ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ минтақаи Алмаҳмия, ҳадди фосили Айтарун ва Морунарраъсро бомбборон карданд.

Тӯпхонаи режими саҳюнистӣ низ ба шиддат Кафаршубо, Кафарҳамом ва Ҳилторо гулӯлаборон кард.

Mehrnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Шоду хушҳол кардан
Фили сиёҳ – 2

Матолиби пурбоздид