Пас онгаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?

Адаб

Пас онгаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?

Саъдӣ дар “Бӯстон”-аш ҳикоят мекунад, бутпарасте тарки дунё карда ва шабу рӯз дар хидмати бут ва машғули парастиши он шуд. Чанд сол ба ин минвол гузашт, то ба сараш мушкиле афтод. Он гоҳ ба умеди кӯмак ва некӣ ба пойи бут афтод ва сару рӯяшро дар пешгоҳи он бут ба хок молид ва гуфт:

— Эй санам! Ман дармондаам, дастамро бигир, аз сахтӣ ҷон ба ҳалқумам омада, бар ман раҳм кун.

Хулоса, он бутпараст дар назди бут чандин бор нолаву зорӣ кард, вале мушкилаш ҳал нашуд ва кораш сомон наёфт. Ва ин дар ҳоле аст, ки ба қавли Саъдӣ, буте, ки наметавонад аз худаш як магасро дур кунад, чӣ гуна тавонад ҳоҷати дигаронро бароварда созад?!

Муғе дар ба рӯй аз ҷаҳон баста буд,

Бутеро ба хидмат миён баста буд.

Пас аз чанд сол он накӯҳидакеш,

Қазо ҳолате саъбаш овард пеш.

Ба пойи бут андар ба умеди хайр,

Биғалтид бечора бар хоки дайр,

Ки дармондаам даст гир, эй санам!

Ба ҷон омадам, раҳм кун бар танам.

Бизорид дар хидматаш борҳо,

Ки ҳечаш ба сомон нашуд корҳо.

Буте чун барорад муҳиммоти кас,

Ки натвонад аз худ биронад магас?

Билохира, чун бутпараст дид, зорию нолааш натиҷае намебахшад ва аз бут ҳам ҳеҷ аксуламале дида намешавад, дар ғазаб шуд ва гуфт:

— Эй бути гумроҳ ва пойбанди залолат! Беҳуда ман туро чандин сол ибодат кардам. Ҳоҷатамро агар бароварда кардӣ, кардӣ ва агар бароварда накардӣ, туро тарк мекунам ва аз Парвардигор мехоҳам.

Барошуфт к-эй пойбанди залол!

Ба ботил парастидамат чанд сол.

Муҳимме, ки дар пеш дорам барор,

Вагарна бихоҳам зи Парвардигор.

Ҳанӯз он бутпараст бо гуфтани ин сухан сарашро аз хок набардошта буд, ки Худованд ҳоҷаташро бароварда кард ва коми дилаш ҳосил ва мушкилаш ҳал шуд.

Ҳанӯз аз бут олуда рӯяш ба хок,

Ки комаш баровард Яздони Пок.

Яке аз ҳақшиносон бо дидани ин моҷаро ҳайрон шуд ва сафое, ки ҳамеша дар дилаш дошт, ба чашмонаш тира гардид, ки як гумроҳ ва як саргаштаи бутпараст, ки ҳанӯз сараш аз шароби майхона маст аст ва дилашро аз куфр ва дасташро аз хиёнат ҳанӯз нашустааст, чӣ гуна мешавад, ки Худо ба ин зудӣ ба ӯ лутф кунад ва ҳоҷаташро бароварда гардонад?

Фикраш дар ин хаёли ин мушкил фурӯ рафт ва наметавонист ҳалли онро пайдо кунад, ки як дафъа аз ғайб ба гӯши дилаш паёме омад, ки гуфт:

— Он пири нодон дар пеши бут бисёр нолаву зорӣ кард ва дуояш қабул нашуд ва мавриди иҷобат қарор нагирифт. Агар мо низ ӯро аз даргоҳи худ рад кунем, пас чӣ фарқе боқӣ мемонад миёни Санам ва Самад?!

Ҳақоиқшиносе дар ин хира шуд,

Сари вақт софӣ бар ӯ тира шуд,

Ки саргаштаи дуни Яздонпараст

Ҳанӯзаш сар аз хамри бутхона маст

Дил аз куфру даст аз хиёнат нашуст,

Худояш баровард коме, ки ҷуст.

Фурӯ рафта хотир дар ин мушкилаш,

Ки пайғоме омад ба гӯши дилаш,

Ки пеши санам пири ноқисуқул

Басе гуфту қавлаш наёмад қабул.

Гар аз даргаҳи мо шавад низ рад,

Пас онгаҳ чӣ фарқ аз санам то Самад?

Пас биё эй дӯст, дилатро ба Самад моил кун, ки ҳар кӣ дар ин дунё ҳаст аз санам оҷизтар аст. Агар ту саратро ба хоки ин даргоҳ биниҳӣ имкон надорад, ки дасти холӣ баргардӣ. Байт:

Дил андар Самад бояд эй дӯст баст,

Ки оҷизтаранд аз санам ҳар ки ҳаст.

Маҳол аст агар сар бар ин дар ниҳӣ,

Ки бозоядат дасти ҳоҷат тиҳӣ.

Худоё! Муқассир ба кор омадем,

Тиҳидасту умедвор омадем.

((Манбаъ: Istaravshani.com))

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷомаи воруна
Мақсад якест

Матолиби пурбоздид