Паёми Ироқчӣ пас аз сафар ба Чин

Паёми Ироқчӣ пас аз сафар ба Чин

Ахбори байналмилал

Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар паёмрасони Х навишт:

“Бо ҷаноби оқои Ван И, вазири умури хориҷаи Чин, дидоре созанда дар Пекин доштем.

Ду тараф бори дигар бар ҳаққи Эрон барои эъмоли ҳокимият ва каромати миллӣ таъкид карданд.

Тарафи эронӣ аз пешниҳоди чаҳорбандии Чин барои ҳифз ва тақвияти сулҳу сабот дар минтақа қадрдонӣ кард.

Эрон ба Чин эътимод дорад ва умедвор аст, ин кишвар ҳамчунон нақши фаъоли худро дар пешбурди сулҳ ва поён додан ба даргирӣ ифо кунад. Ва низ аз шаклгирии чорчӯбе ҷадид барои даврони пас аз ҷанг дар минтақа, ки битавонад миёни тавсиа ва амният тавозун барқарор кунад, ҳимоят намояд”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Беш аз 600 ҳамлаи Эрон ба таъсисоти низомии Амрико

Матолиби пурбоздид