Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор

Паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба муносибати шаҳодати Яҳё Синвор: “Ҷабҳаи муқовамат бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт”

 “Ҳамос зинда аст!”

Раҳбари Ҷ.И.Эрон дар паёме хитоб ба миллатҳои мусалмон ва ҷавонони ғаюри минтақа, бо таҷлил аз муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор гуфт: “Ҷабҳаи муқовамат ҳамон гуна, ки қаблан бо шаҳодати барҷастагони худ аз пешравӣ бознамонд, бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт, би изниллоҳ! Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, матни паёми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Миллатҳои мусалмон! Ҷавонони ғаюри минтақа!

Муҷоҳиди қаҳрамон, фармондеҳ Яҳё Синвор, ба ёрони шаҳидаш пайваст.

Ӯ чеҳрае дурахшони муқовамат ва муҷоҳидат буд; бо азми пӯлодин дар баробари душмани золим ва мутаҷовиз истод; бо тадбир ва шуҷоат ба ӯ силӣ зад; зарбаи ҷуброннопазири 7-уми октябрро дар таърихи ин минтақа ба ёдгор гузошт; ва он гоҳ бо иззат ва сарбаландӣ ба меъроҷи шаҳидон парвоз кард.

Касе чун ӯ, ки умреро ба мубориза бо душмани ғосиб ва золим гузарондааст, саранҷоме ҷуз шаҳодат шоистаи ӯ нест. Фуқдони ӯ барои ҷабҳаи муқовамат албатта дарднок аст, вале ин ҷабҳа бо шаҳодати барҷастгоне чун шайх Аҳмад Ёсин, Фатҳӣ Шиқоқӣ, Рантисӣ ва Исмоил Ҳаниа аз пешравӣ бознамонд ва бо шаҳодати Синвор ҳам камтарин таваққуфе нахоҳад дошт; би изниллоҳ. Ҳамос зинда аст ва зинда хоҳад монд!

Мо чун ҳамеша, дар канори муҷоҳидон ва муборизони боихлос хоҳем монд; би тавфиқин миналлоҳ ва авниҳ.

Инҷониб шаҳодати бародарамон Яҳё Синворро ба хонадонаш, ба ҳамразмонаш ва ба ҳамаи дилбастагони ҷиҳоди фи сабилиллоҳ табрик ва фуқдонашро таслият мегӯям.

Вассалому ало ибодиллоҳис солиҳин

Сайидалӣ Хоманаӣ

28/7/1403

19/10/2024

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сонсури шадиди хабарии Исроил
Худбинӣ ва худхоҳӣ – решаи ҳамаи гуноҳон  – II

Матолиби пурбоздид