Паёми Пизишкиён ба муносибати солгарди Истиқлоли Тоҷикистон
Ахбори минтақа
Раиси ҷумҳури Эрон бо ирсоли паём ба ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмон, сию чаҳорумин солгарди Истиқлол ва Рӯзи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони кишвари дӯст ва бародар, давлат ва миллати Тоҷикистонро самимона табрик гуфт.
Дар ин паём омадааст: Равобити бародарона, фарҳангӣ ва торихии ду миллати Эрон ва Тоҷикистон пуштибони арзишманд барои ҳамкориҳои густардатар дар арсаҳои мухталиф мебошад ва итминон дорам дар партави иродаи муштараки ду кишвар, муносиботи дӯстона дар масири тавсиа ва таъмиқи рӯзмарра қарор хоҳад гирифт ва ӣеш аз пеш шоҳиди густариши равобити фимобайн дар ростои манофеи мутақобил хоҳем буд. Аз Худованди Мутаол саломатӣ ва муваффақияти он ҷаноб ва рушду боландагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро масъалат дорам.
qalamonline.net
Қаламонлайн