Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва давлати Эрон ба муносибати Наврӯз

Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва давлати Эрон ба муносибати Наврӯз

Ахбори минтақа

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли паёме, фаро расидани баҳор ва иди Наврӯзро ба раиси ҷумҳур ва мардуми Эрон табрик гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ирсоли паёме фаро расидани Наврӯзро ба Сайид Иброҳими Раисӣ – раиси ҷумҳур ва мардуми Эрон табрик гуфт, дар  паёми Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид омадааст:

Ҷашни байналмиллалии Наврӯзро ба Ҷаноби Олӣ  ва мардуми дӯсти  Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона табрик гуфта орзуҳои неки худро иброз медорам.

Маънавиёт ва ормонҳои созандаи ин ҷашни бостонии арзишманд дар шароити печидаи ҷаҳони муосир, аҳамияти вижае ёфтааст.

Оинӣ дӯсти ва рафоқат, ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва дастгири якдигарии Наврӯз, моро вомедорад, ки дар роҳи таҳкими сулҳу амният, равобити байни кишварамон ва сохти фардои дурахшон барои мардумонамон, сайъ ва талошҳои фарогири  муштарак анҷом диҳем.

Итминон дорам, ки дар ростои арзишҳои безаволи Наврӯз, кишварҳои мо ба орзуву умедҳои нек, равобити дӯсти ва ҳамкориҳои судманди хешро дар оянда низ рушд ва густариш хоҳанд дод.

Дар ин айёми фараҳбахши баҳорӣ, барои Ҷаноби Олӣ саломатии комил ва комёбиҳои бештар ва барои миллати бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон оромиш, осоиш, беҳрӯзи ва шукуфоии рӯзафзун орзумандам.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фазилати моҳи мубораки рамазон дар аҳодис
Муаррифии китоб: Нигористон

Матолиби пурбоздид