Паёми ҳушдоромези Эрон ба Омрико аз тариқи Қатар

Паёми ҳушдоромези Эрон ба Омрико аз тариқи Қатар

Ахбори байналмилал

Ба гузориши Алҷазира

Теҳрон аз тариқи Қатар ба Омрико паём додааст, ки дар сурати ҳамлаи Исроил, посухи Эрон “ғайримутаораф хоҳад буд”.

Бар асоси ин гузориш, як мақоми эронӣ дар гуфтугӯ бо ин шабака гуфт, ки Эрон дар ин паём эълом кардааст, ки давраи хештандории якҷониба дигар тамом шудааст ва хештандорӣ дигар ниёзҳои амнияти миллии Эронро таъмин намекунад.

Ин мақоми эронӣ афзуд: “Дар нома ба Омрико таъкид шудааст, ки ҳар гуна ҳамлаи Исроил, бо як посухи номутаораф ҳамроҳ хоҳад шуд, ки зерсохтҳои Исроилро низ ҳадаф қарор хоҳад дод.”

Ӯ гуфт, ки Эрон ба Омрико ҳушдор додааст, ки Вошингтун бояд режими саҳюнистӣ ва иқдомоти ҷунуномезашро маҳор кунад.

Ирсоли паёми ҳушдоромези Эрон ба Омрико ба миёнҷигарии Қатар дар ҳолест, ки дуктур Масъуди Пизишкиён рӯзи гузашта роҳии Дуҳа шуд. Эрон пеш аз ин низ эълом карда буд, ки ҳар гуна ҳамлае аз ҷониби Исроил, бо посухи шадидтар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Гуфтанист, нерӯи ҳавофазои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон шомгоҳи чаҳоршанбе бо партоби даҳҳо мушаки болистик, аҳдофи муҳимми низомӣ-амниятиро дар қалби сарзаминҳои ишғолӣ мавриди ҳадаф қарор дод ва як шикасти таърихиро барои падофанди даҳҳо миллиард долларии Исроил рақам зад. Дар ин амалиёт, мушакҳои “Имод” ва “Қадр”-и иртиқоёфта ба ҳамроҳи хайбаршикан ва ҳойперсуники (мофавқи савти) “Фаттоҳ-1” истифода шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хохоми бузуги яҳудӣ: “Мусалмонон аз марг наметарсанд, онҳоро бояд аз роҳи маънавӣ шикаст”
Расонаҳои исроилӣ тасовире аз исобати мушакҳои эронӣ ба пойгоҳи ҳавоии Исроилро мунташир карданд

Матолиби пурбоздид