Пизишкиён дар Конфронси Ваҳдат дар Теҳрон: “Ваҳдат болотар аз намозу рӯзаест, ки мехонем”

 

Пизишкиён дар Конфронси Ваҳдат дар Теҳрон: “Ваҳдат болотар аз намозу рӯзаест, ки мехонем”

Ахбори байналмилал

Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дар 38-умин давраи Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ бо мавзӯи “Ҳамкориҳои исломӣ ва дастёбӣ бар арзишҳои муштарак бо таъкид бар масъалаи Фаластин”, ки субҳи имрӯз бо ҳузури мақомоти кишварии Эрон ва ҳамчунин 78 шахсият аз уламои динӣ ва фарҳангии ҷаҳони ислом аз 30 кишвар кори худро оғоз кард, гуфт: “Тибқи гуфтаи Қуръон ҳамаи мусалмонон бо ҳам бародаранд ва мусалмонон дар баробари ғайри мусалмонон ва душманон бояд яди воҳида бошанд. Аммо оё воқеан ин гунаем?”

Ба Фарорӯ ба нақл аз Тасним, Пизишкиён афзуд: “Урупоиҳо бо ҳама даъвоҳое, ки доштанд, марзҳоро бардоштанд ва пулҳояшонро яке карданд ва роҳат бо ҳам рафту омад мекунанд, вале мо девор мекашем ва ҷилави ҳамдигарро мегирем ва гоҳо ҳамдигарро мекушем, ин тафриқа ва ихтилофро душман дар байни мо эҷод ва тақвият мекунад.”

Пизишкиён тасреҳ кард: “Ваҳдат, болотар аз намозу рӯзаест, ки мо мехонем ва мегирем. Мусалмонон намоз мехонанд ва рӯза мегиранд, вале бо ҳам даъво мекунанд. Ихтилоф яъне исён дар баробари Худо.”

Раисиҷумҳури Эрон дар идома изҳор дошт: “Чаро ду миллион, се миллион исроилӣ мусалмонон ва ҷавону пир ва баччаву занро мекушад ва мадраса ва бемористон ва ҳамаро бомбборон мекунад, онҳо ҷуръат мекунанд ин кор бикунанд, чун мо бо ҳам нестем ва забон ва нигоҳи муштарак ва ваҳдати исломӣ надорем ва сари чизҳои содда бо ҳам даъво мекунем.”

Пизишкён хотирнишон кард: “Ваҳдати исломӣ яъне ғайри мусалмонон натавонанд ҳар коре хостанд сари мусалмонон дарбиёваранд ва биёянд дар кишварҳои исломӣ мустақар шаванд ва тафриқа биандозанд.”

Вай изҳор дошт: “Мо мусалмонон бояд дар амал бародар бошем, на дар ҳарф ва сухан. Ҷанг бо ҳамдигар лабаи оташ аст. Бояд онҳое, ки тамаъ ба сарзаминҳои мусалмонон дорандро бо қудрат ва иззат аз сарзаминҳои мусалмонон берун кунем.”

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки дар сафар ба Ироқ ба бародаронамон гуфтам чаро набояд кишварҳои исломӣ роҳат ба сарзаминҳои якдигар бираванд? Чаро мусалмонон набояд аз Покистон ва Афғонистон, Туркманистон ва Эрон роҳат савори қатор шаванд ва ба Макка ва Мадина ва Наҷаф ва Карбало ва Истанбул ва ғайра нараванд?

Вай бо баёни ин ки тақвияти ваҳдат ва инсиҷом, шиори меҳварӣ ва аслии вай дар даврони интихоботи риёсати ҷумҳурӣ буд, тасреҳ кард: “Ваҳдат ва инсиҷом, қудрати мо дар кишварҳои исломӣ ва дар миёни кишварҳои исломиро афзоиш медиҳад.”

Раиси ҷумҳури Эрон бо ишора ба равияи амали ҳазрати Муҳаммад (с) дар ибтидои вуруд ба Мадина ва пас аз фатҳи Макка дар эҷоди бародарӣ миёни мусалмонон, афзуд: “Агар мо худро пайрави Паёмбари ислом (с) медонем, бояд бибинем, ки амали мо низ ҳамин иддаъоро гувоҳӣ мекунад? Имрӯз кишварҳои урупоӣ, ки бо ҳам ҷангҳои бузург ва шадид доштанд, ихтилофотро канор гузошта, марзҳоро камранг карда, пулҳоро воҳид ва имкони тараддуди осон миёни кишварҳои якдигарро барои шаҳрвандонашон фароҳам кардаанд, он вақт мо ҳанӯз даргири даъво ва ихтилоф бо якдигар ҳастем, оё ин мусалмонӣ аст?”

Пизишкиён бо баёни ин ки омили эҷоди ихтилоф ва тафриқа миёни мо мусалмонон душманон ҳастанд, изҳор дошт: “Эҷод ва тақвияти ваҳдат миёни мусалмонон, аз ҳар намоз, рӯза ва ибодате болотар аст. Мо пайрави як Худо, як китоб ва як Паёмбар ҳастем, ки ҳамаи моро ба ваҳдат даъват ва ихтилоф ва тафриқаро наҳй мекунанд; тафриқа ва дурӣ аз ваҳдат, исён дар баробари дастури Худо, китоб ва Расул аст.”

Раиси ҷумҳури Эрон “сироти мустақим”, ки мо дар намозҳои рӯзона онро аз Худованд талаб мекунем, ҳамон ваҳдат ва инсиҷом донист ва гуфт: “Рӯзона дар 5 навбат аз Худованд чунин мутолибае мекунем, аммо дар амал бо якдигар ихтилоф мекунем ва натиҷа он мешавад, ки як ақаллият дар сарзаминҳои ишғолӣ занон ва кӯдакони фаластиниро ба хоку хун мекашад, чун мо ваҳдат ва инсиҷом надорем.”

Пизишкиён намоз ва рӯза ва ибодотро барои эҷоди ваҳдат миёни мусалмонон донист ва бо тарҳи ин нукта, ки агар мо бо ҳам ваҳдат надорем, пас чӣ намозе мехонем, хотирнишон кард: “Намоз барои он аст, ки мо бо ҳам ихтилоф надошта бошем, то душманон натавонанд ба мусалмонон зулм карда ва манобеъ ва имконоти моро тороҷ кунанд. Муқассири ин вазъият дар ваҳлаи аввал худи мо мусалмонон ҳастем, ки ба ҷойи чанг задан ба ресмони илоҳӣ, даргири ҷузъиёт ва шакли адои бархе маносик ва ибодот мондаем.”

Раиси ҷумҳури Эрон бо баёни ин ки имрӯз ҳамаи мо аз ваҳдат сухан мегӯем, аммо таҳаммули якдигарро надорем, иҷозаи рушд ба ҳам намедиҳем ва якдигарро ҳазф мекунем, гуфт: “Ваҳдат яъне дар амал нишон диҳем, ки мо бо ҳам ба як қибла ва бо як имом ва бо ваҳдат ва инсиҷом намозро иқома мекунем, агар тавонистем ин ҳадафро муҳаққақ кунем, мусалмон ҳастем.”

Пизишкиён бо ишора ба ин ки агар мо бо ҳам дар амал ваҳдат дошта бошем, ҳеч қудрате ҳарифи мо нест, афзуд: “Умедворам ин ҷамъ битавонад барои ҷавомеъи исломӣ як нусха, як дастуруламал ва як паём биоварад ва ба ихтилоф ва тафриқа поён бахшад. Ихтилоф ва тафриқа лабаи оташ аст ва умедворам Худо ба мо кӯмак кунад, то бо рафъи ихтилофот битавонем ҷавомеъи исломиро ба иззат бирасонем ва ҳамаи касонеро, ки ба ҳар шакл ба сарзаминҳои исломӣ тамаъ мекунанд, бо қудрат ихроҷ кунем.”

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Ҷаводии Омулӣ: “Олимони дин муроқиб бошанд ба хатари фоҳиши мазҳабтарошӣ мубтало нашаванд”
Оятуллоҳ Субҳонӣ: Яҳудиён дар садади эҷоди тафриқа ва душманӣ миёни ҷомеаи исломӣ ҳастанд

Матолиби пурбоздид