Пирамарди 34-сола

Пирамарди 34-сола

Дар ҳошияи мабоҳиси Истиқлол

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев

ИСТИҚЛОЛ НАР АСТ Ё МОДА?

Андешаҳо дар ҳошияи рӯзи ҳурро-ҳурро

ҲУКУМАТИ СЕРӮЗА

Аз 18 то 21 августи соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ ба дасти ҳукумати нав – ГКЧП – (Госуда́рственный комите́т по чрезвыча́йному положе́нию в СССР) буд. Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолати изтирорӣ дар СССР.

Як гурӯҳи мансабдорони воломақоми СССР – бо роҳбарии Геннадий Янаев – ҷонишини президенти СССР, Владимир Крючков – раиси КГБ, Дмитрий Язов – вазири дифоъ, Валентин Павлов – сарвазири СССР, Борис Пуго – вазири корҳои дохилӣ ва чанд нафари дигар аз таъсиси ГКЧП хабар доданд.

Президенти СССР – Михаил Горбачев дар Форос, дар бӯстонсарои ҳукуматӣ ҳамроҳи ҳамсараш дар асорат буд. Овозаҳо паҳн мешуданд, ки ӯро куштаанд. Аммо Янаев мегуфт, ки «Михаил Сергевич дӯсти ман аст. Ӯ мариз аст ва чун шифо ёфт, мо бо ҳамдигар якҷоя чун пештара кор хоҳем кард».

Дар Маскав тӯпу танкҳо пайдо шуданд. Борис Елтсин – он замон президенти РСФСР (Русия) дар назди бинои ҳукумат, ки онро Кохи сафед меномиданд, ситоди муқовимат таъсис дод. Ҳазорон одам ба ҷодаю хиёбонҳои Маскав рехтанд. Ва амали саркардагони ГКЧП-ро табаддулоти давлатӣ номиданд.

МУСОҲИБАИ САРХӮР

Дар Душанбе оромӣ буд. На ҳизби коммунист, на ҳизби наҳзат, на ҳизби демократ ва на «Растохез» ГКЧП-ро маҳкум накарданд. Президенти Тоҷикистон – Қаҳҳор Маҳкамов ҳам намедонист, дар кадом сӯ бошад. Дар мусоҳиба бо Отахон Латифӣ чунон ҳарф зад ва моил ба тарафдории ГКЧП буданашро ба намоиш мегузошт. Диктофони Латифӣ бо хашу хуш бошад ҳам, корашро кард. Баъди шикасти ГКЧП ва таъсири мусоҳиба бо Латифӣ дар зери фишори вакилон Маҳкамови сустирода истеъфо дод. Бо як ҷумлаи таърихӣ: «ман меравам, аммо шумо пушаймон хоҳед шуд!»

РӮЪЁИ СОДИҚ

Баъди шикасти ГКЧП яке пайи дигаре ҷумҳуриҳои собиқи СССР мустақилияти худро эълон карданд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз умед доштанд, ки мӯъҷизае мешаваду боз ба тарзе СССР барқарор мегардад. Барои ҳамин қариб аз ҳама ақиб (9-уми сентябр) порлумони Тоҷикистон Эъломияи Истиқлолро пазируфт. Дар омади гап: аз Осиёи Марказӣ танҳо Аскар Оқоев – президенти Қирғизистон ГКЧП-ро маҳкум кард.

ФАРЗАНДЕ БИДУНИ ВОЛИДАЙН

Ҳеч нафареро дар Тоҷикистон наметавон падар ё асосгузори Истиқлол номид. Агар ДНК – хуни акаи Истиқлол ё «братишка»-и Истиқлолро бигирем, ба хуни ҳеч сиёсатмадори тоҷик мост намеояд. Агар Аҳмад набуд, Маҳмад Эъломияро аз куҷое рӯбардор мекарду менавишт. Агар Тошмат раиси порлумон неву Эшмат ҳам раис мебуд,имзои каҷакашро каҷ шуда мемонд.

ЯТИМИ КУЛЛ

Истиқлол тифлаки сағира буд. На қадр дошту на қиммате. Мисли як ҳамёне, ки дар роҳ ёфтаанд ва ё касе ройгон ҳадя кардааст. Ҳар кас ва ҳар гурӯҳе мехост аз ӯ истифода бибарад.

Дар ин ҷо як нуктаро бояд хотирнишон кард. Аз замони «перестройка» ва «гласност»-и горбачёвӣ то соли 1992 Тоҷикистон ба ҷазираи озодӣ бадал гашта буд. Бисёрҳизбӣ, расонаҳои озод, митингҳои садҳазора, растохези миллӣ ва ваҳдати миллӣ, интихоботи президентии озодтарин, ки дар он беш аз 10 номзад ширкат доштанд. Шӯру шараш аз интихоботҳои Амрикову Урупо камӣ надошт. Сатҳи демукросии Тоҷикистон болотар аз бисёр ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди шӯравӣ буд.

НАҲСИИ НАҲЗАТ

Шикасти неруҳои мардумӣ ва растохези миллат аз ҲНИТ – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин тӯдаи музофотӣ ва ъавомуннос бо номи Ҳукумати муросои миллӣ, ки беҳтараш онро метавон ҳукумати моҷарои миллӣ номид, ҳукуматро таҳти тасарруфи худ гирифт. Ин гуруснагон мисли кафторҳо шитобон ба ғорату куштори мардум пардохтанд. Ҳар касе бо онҳо нест, душман мехонданд. На барномае доштанду на маромномае. Чеҳраи худро бо номи Худову Расули Худо пӯшонида буданд. Аз тарси онҳо намояндагони миллатҳои дигар ва маҳалҳои дигар пойтахтро тарк карданд. Нархи манзил дар Душанбе то ба 400-500 доллари амрикоӣ расид.

Аммо пойтахти асосии наҳзатиён Қӯрғонтеппа буд. Он ҷо аллакай Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон амал мекард. Ҳазорон хуҷандию кӯлобию фарғонагию ӯзбекҳою немисҳою русзабонҳо аз зулму истибдоди наҳзатиён кӯч мебастанд. Аз сад яке ҳам аз ҷиноятҳои наҳзатиён ногуфта мондааст.

Дар посух ба бедодиҳои наҳзатиён Фронти халқӣ – ҳукумати имрӯза бо сарварии Сангак Сафаров ба майдон омад, ки дар бедодгарӣ сад бор аз наҳзатиён бадтар буд.

Боз як бор мегӯям, гарчанде такрори ҳарфи худ қубҳ аст, на ҳусн. КИТОБИ БАДБАХТИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДУ МУАЛЛИФ ДОРАД: ҲИЗБИ НАҲЗАТ ВА ФРОНТИ ХАЛҚӢ.

ВИЗО БА ТОҶИКИСТОН

Чун Тоҷикистон давлати мустақил шуд, яке пайи дигаре кишварҳои дигар намояндагони худро мефиристоданд. Сафирҳо ҳанӯз дар меҳмонхонаҳо ва ё ҳавлиҳои ба иҷора гирифташуда мезистанд. Ҷумҳурии исломии Эрон аз исломиҳои Тоҷикистон дифоъ мекард. Амрикову Русияву Ӯзбекистон аз Фронти халқӣ.

ОХИРУЛАМР

Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ҷомаи тифли Истиқлол аз хун сурх гашт. Ҷанги панҷсола бо тиҷорати сиёсӣ ба поён расид. Наҳзатиён ба ҷуз хуни шаҳидони беном дар бисот чизе надоштанд. Ва он хунро ба мағозаю манзилу корхонаю вазоратхонаҳо иваз карданд. Дигар дар адабиёташон на номи Худо буду на ояҳои қуръонӣ. На адолату на мардумсолорӣ. Ҳар наҳзатии фискашола соҳиби молу мулку арӯсони нобӯсида гашт. Ба ҷойи хару ароба ришҳоро тарошида, ҷелакҳоро кашида дигар бо мошинҳои шик мегаштанд. Вожаи «Истиқлол» ҳам ба фаромӯшӣ рафт.

ПАДАРХОНДИ НОХОНДА

Баъди харидану фурӯхтани наҳзатиён Ҳукумат худро падари Истиқлол хонд. Дигар ҳама мегуфтанд, ки Истиқлол ба Эмомалӣ Раҳмон монанд аст. Чашму бинияш, абрӯвони брежневияш, хуни ориёӣ доштанаш. Ончунон бисёр гуфтанд, ки ҳама ба ин бовар карданд. Дигар касе ба ёд овардан намехост, ки яке аз шиорҳои падари маънавии Эмомалӣ Раҳмон – Сангак Сафаров барқарор кардани СССР буд. Дигар касе ба ёд намеовард, ки ҳамин Эмомалӣ Раҳмон (он вақт Раҳмонов) ба Елтсин нома навишта буд, ки «Тоҷикистон ба ҳайъати Русия ворид шавад». Мисли Тотористону Бошқирдистону Чеченистон.

ПИРМАРДИ СИЮЧОРСОЛА

Истиқлоли Тоҷикистон дар тасвири ман мӯйсафедест, ки дилаш пури андӯҳ ва чашмонаш ғарқи ашканд. Фарзандонаш дар муҳоҷиратанд. Беҳтаринҳояшро ё куштанд ва ё зиндон карданд. Ҳамаашон гирифтору эҳтиёҷманданд. Аҷнабиҳо ҳамаи онҳоро Рафшану Ҷамшуд ном карданд.

Ҳанӯз ҳам алифбои ниёгонро намедонанд. Ору номусу иззатро фаромӯш кардаанд. Аз ғуломӣ шарм намедоранд.

Истиқлол ба 34 даромад. Аммо ӯро намешиносанд. Ва шинохтан ҳам намехоҳанд. Ӯ танҳост. Танҳои танҳо… На ёре, на дилдоре… Ҳар сол як бор як муборакбодии ҷаълӣ мекунанду халос.

РОҲИ БЕРОҲА

То Истиқлоли ҳақиқӣ раҳ басе тӯлонист. То он даме, ки ҳар кас соҳиби кор бо музди арзанда нашавад, то он даме, ки ҳар як шахс худро озод эҳсос накунад – аз интихоби либос то пешаю ҳизбу ҷиноҳ, то он даме, ки ҳар кас боифтихор нагӯяд «давлат манам!» истиқлол коғази конфетест, ки намедонӣ дар даруни он чист? Конфети кирмзада ва ё коғази холӣ?

Истиқлол озодист. Дар кишваре, ки ба ҷуз озодона мурдан дигар озодие нест, аз Истиқлол гуфтан ба ҳован об кӯбидан аст.

Истиқлоли ҳақиқӣ рӯзе фаро мерасад, ки вақте дарвозаат тақ-тақ мешавад, наметарсӣ, ки аз амният омадаанд ва ё аз милиса ва итминон дорӣ, ки танҳо хаткашон аст, ки дари туро мекӯбад.

Истиқлоли ҳақиқӣ рӯзе фаро мерасад, ки маро дар Душанбе мебинед, ки дар митинги тарафдорони «Ватандор» дар назди пайкараи Исмоили Сомонӣ вазъ мегӯям:

«На ҳукумат, на наҳзат

Ҷонам фидои миллат!»

Додоҷон Атовуллоев

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин вокуниши Кохи Сафед ба ҳамлаи Исроил ба Қатар
Муваффақият ва фақр

Матолиби пурбоздид