Пирӯзии мӯъмин

Адаб

Пирӯзии мӯъмин

Он чи моро пирӯзи майдон месозад ин чизҳост!

Дидгоҳ

Он чи мӯъминро пирӯзи майдон месозад чанду чуни тупу туфанг ва адади онҳо ва доро будани мудернтарини аслиҳа ва ин ҷур чизҳо нест. Бале, инҳо шарти лозим аст, аммо шарти кофӣ нест. Яъне бояд инҳоро дошт, вале муҳим инҳо нест. Чунин нест, ки агар инҳоро доштӣ, ту қатъан пирӯзӣ, абадан!

Он чи мӯъминро пирӯз месозад ин имон аст, ин намоз аст, тоза намози аввали вақт ва бо хузӯу хушуи том.

Он чи шарти кофӣ барои пирӯзии мӯъмин дар майдони набард аст, ин пойбандӣ ба амрҳои Ҳақ ва дурӣ аз наҳйҳои ӯст.

Ин, ростгӯӣ ва ростқавлӣ ва садоқат аст. Ин вафои ба аҳду паймон аст; ин ки агар ба касе чизе ваъда мекунӣ, анҷом диҳӣ, бадаҳд набошӣ, дурӯғ нагӯӣ, ҳаром нахӯрӣ ва ба шиками худ пули ҳаром ворид масозӣ, ба номаҳрам нигоҳ накунӣ ва хулоса, гуноҳ накунӣ.

Ин аст он чизе, ки мӯъминро дар майдони набард пирӯз месозад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Reuters: Ҳукми боздошти Натонёҳу ва Галлант содир шуд
Тамаддун ва таваҳҳуш

Матолиби пурбоздид