Пирӯзӣ

Таҳлили хабарӣ

Пирӯзӣ кадом аст?

Ислоҳи як тасаввури ғалат дар бораи пирӯзӣ

Пирӯзӣ барои як ҷунбиш ва ҳаракати озодихоҳ, ҳаргиз “фатҳ” ва кишваргушоӣ нест. Пирӯзӣ барои ҷунбише озодихоҳ мисли Ҳизбуллоҳ ва ё Ҳамос ё Ҷиҳоди Исломӣ ва куллан ҳаракатҳои озодихоҳ дар ҷаҳон, рондани таҷовузгар аст аз сарзамини худ; истодагӣ аст дар баробари ӯ – муқовимат, ки мегӯянд, ба форсӣ истодагӣ мешавад – ва ҷангу пайкор аст бо ӯ, то ба ҳадафҳое, ки аз таҷовуз ба сарзамини шумо дар пеш гирифтааст нарасад, яъне натавонад ба он аҳдоф ноил шавад. Ин аст пирӯзӣ!

Пирӯзӣ ин нест, ки шумо ҳар чи бештар одам бикушед, шаҳреро болои сокинонаш хароб кунед, бегуноҳон ва касонеро, ки рабте ба мутаҷовиз надоранд ба қатл расонед. Ин таҷовуз аст, на пирӯзӣ. Ин ҳамон коре аст, ки амсоли Инскандар ва Чингизи замона карда ва мекунанд мисли Натонёҳу, Буш, Бойден, Тромп ва амсолуҳум.

Саҳюнистҳо, ки як солу анде аст вориди Ғазза шудаанд, дар ин ҷанг, бо вуҷуди он ҳама харобиҳо, ки дар Ғазза ба вуҷуд оварданд ва бо вуҷуди он ҳама шаҳид, ки бештарашон кӯдакону занон ҳастанд, яъне болои 45 ҳазор инсон, оё ин кӯдаккушҳо ҳатто ба як ҳадаф аз он ҳадафҳои баланду болои худ даст ёфтанд? Оё тавонистанд масалан, асирони худро баргардонанд? Оё тавонистанд Ҳамосро решакан созанд?… Онҳо фақат одам куштанд; фақат хонаҳоро бар сари мардумони бегуноҳ хароб карданд, фақат бомб ба сари мардум рехтанд. Бинобар ин, то ин ҷойи кор, пирӯзи майдон Ҳамос аст, Ҷиҳоди Исломӣ аст.

Дар Лубнон низ моҷаро аз ҳамин қарор аст. Артиши режими Исроил, ки бо ҳадафи нобудии комили Ҳизбуллоҳ, вориди хоки ин кишвар шуда буд, оё тавонист ба ҳеч як аз аҳдофи худ даст ёбад? На! Бале, кушт, хонаҳоро хароб кард, ба сари мардум анвоъи бомбҳоро рехт ва хулоса, ҳамон корҳоеро, ки кард, ки ҳар кишваре, ки F-35 ва бомбҳои омрикоӣ дошта бошад, қодир аст анҷом бидиҳад, чунонки Арабистони Саудӣ дар тӯли 8 сол ҳамарӯза ба сари мардуми Яман бомб мерехт, аммо оё тавонист коре бикунад? Оё тавонист масалан Ансоруллоҳро ҳамон тавре ки ваъда дода буд, ки зарфи 3 ҳафта торумор мекунад, аз байн бибарад?

Баръакс, Ансоруллоҳ ҳар рӯз, ки мегузашт, қавитар ва нерӯмандтар аз гузашта мегардид ва саранҷом, ҳамон тавре ки Оятуллоҳ Хоманаӣ дар оғози набарди Яман гуфта буд – ки он вақт аҳаде бовараш намешуд – “бинии Оли Саудиро ба хок молид” ва водораш кард, то ба оташбас тан диҳад, ҳамон тавре ки имрӯз Натонёҳу ба оташбас тан дод.

Асосан, яке аз вуҷуҳи ташобуҳ ва монандии Натонёҳу бо Муҳаммад бен Салмон ҳамин ҷост; ҳар ду гумон мекарданд, пирӯзӣ дар ҷанг, яъне ҳар чи бештар одам бикушӣ, хонаҳоро вайрон кунӣ, сари мардум бомб бирезӣ ва аз қабил ин корҳо. Бен Салмон, ин ҷавонаки хом низ дар ибтидои кор – он замон, ки дар Риёз, пойтахти Саъудӣ мақомоти ҳудуди 50 кишваррро гирд оварда ва эътилофе ташкил карда буд – на танҳо “ваъда” дод, ки Яманро “бо хок яксон” мекунад, балки ваъда дод, ки чанд рӯзи дигар “сарбозони саудӣ дар хиёбонҳои Теҳрон ҳузур хоҳанд ёфт”.

Натонёҳу низ бо вуҷуди ин ки синнаш болост ва қоъидатан дар олами сиёсат ва кишвардорӣ аз таҷрибаи бештар бархӯрдор бошад, вале пиндораш дар бораи пирӯзӣ дар ҷанг ҳамон будааст, ки он ҷавонаки хом дар зеҳн мепарваронд. Албатта, он ҷавонак алъон андаке дигаргун ёфта ва дар пиндорҳои хомаш зоҳиран таҷдиди назар карда. Аммо Натонёҳу, ин пири хом, зоҳиран ҳанӯз бар ин фикр аст, ки бо рехтани ҳар чи бештари бомб, метавонад “пирӯз” шавад.

Ба ҳар ҳол, пирӯзӣ ин аст, на он ки амсоли Натонёҳу гумон мекунанд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Васияти Убайди Зоконӣ
Ҳизбуллоҳ: “Душман натавонист шартҳои худро дикта кунад”

Матолиби пурбоздид