Порае аз васиятномаи Ибни Сино

Таърих

Порае аз васиятномаи Ибни Сино

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р) дар бахше аз васиятномаи маъруфи худ мегӯяд:

“Худованди Мутаол аввалин ва охирин мақсадест, ки инсон бояд бад-он биандешад ва чашми ҷони худро бо назар бар ӯ равшан созад ва дар пешгоҳи ӯ пешонии хушӯъ ва бандагӣ бисояд.

Пас ҳангоме ки ин ҳолат барои инсони солик малака мешавад, бо ҳазрати Ҳақ унс мегирад ва болотарин лаззатро насиб мебарад ва оромиш меҳмони ӯ мегардад, ба гунае ки бар аҳли олам шафқат меварзад…

Ҳамоно бартарини ҳаракот намоз, покизатарини асрор сабр ва судмандтарини некиҳо садақа ва беҳудатарини талошҳо ҷидол аст… Ҳикмат модари фазоил ва шинохти Худо аввалин маърифат аст”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ гуна бар ноумедиҳо пирӯз шавем?
Чаҳор хубӣ ва чаҳор ҳушдор

Матолиби пурбоздид