Порсиситезӣ дар Афғонистон

Порсиситезӣ дар Афғонистон

Сулаймон Қиёмат

Ситезагарӣ бо забони порсӣ ва порсигӯён дар Афғонистон аз оғоз то кунун моҳияти сиёсӣ дошта ва зодаи зеҳният ва андешаи бартариҷӯии таборгароёнаи ҳокимияти сиёсӣ дар ин кишвар будааст.

Ҳукуматҳои табормеҳвари Афғонистон аз замони таъсиси ин кишвар дар авохири садаи нуздаҳум бо симои сиёсӣ ва марзҳои ҷуғрофиёии кунуниаш то имрӯз пайваста дар ҷиҳати таҳмили ҳувийяти таборӣ-забонии хеш ба унвони ҳувияти миллӣ ва расмӣ барои ин сарзамин кӯшидаанд. Онҳо ситезагарӣ бо забон ва фарҳанги порсиро ба унвони бахши калоне аз барномаҳои ҳувиятпардозӣ барои Афғонистон тарҳ карда ва онро аз маҷроҳои қавонин, сиёсатгузориҳо ва роҳкорҳои табъизомез созмон дода ва амалӣ кардаанд. Ин амр ба унвони яке аз авомили муҳимми тадовуми султаи онҳо кор кардааст.

Ҳукуматҳои Афғонистон мудом ниёзманди ҳимояти сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии қудратҳои бузурги алоқаманд ба ин минтақа дар саду чиҳил соли гузашта будаанд. Имперотурии Бритониё ва Шӯравӣ дар садаҳои нуздаҳум ва бистум ва кишварҳои ғарбӣ дар садаи бисту якум дар рӯйи кор овардан ва ё сари по нигоҳ доштани ҳукуматҳои Афғонистон нақши фаъол бозӣ кардаанд. Ин ҳукуматҳо коркарди порсиситезонаашонро ё дар ҳамсӯӣ бо дидгоҳҳо ва сиёсатҳои ҳомиёни беруниашон нисбат ба ҳавзаи ҷуғрофиёӣ-фарҳангии порсизабонон қарор додаанд ва ё бо бетафовутӣ ва бетаваҷҷуҳии шуморе аз ҳомиёнашон ба ин масъала ҳамчун чароғи сабзе барои тадовуми сиёсатҳои табъизомези худ дар ин кишвар нигаристаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Демократҳои амрикоӣ: Исроил режими нажодпараст аст!
Таъкиди Эрон бар робитаҳои тиҷорӣ бо Қазоқистон

Матолиби пурбоздид