Посухи хирадманд
Сабки зиндагӣ
Аз хирадманде пурсиданд:
Осонтарин ва душвортарини корҳо кадом аст?
Марди хирадманд посух дод: Иштибоҳ кардан.
Вақте дигарон муртакиби иштибоҳе мешаванд, ту хеле роҳату осон онҳоро метавонӣ қазовату доварӣ кунӣ!
Ва аз тарафе ҳам, иштибоҳ кардан душвортарини корҳост, зеро вақте худат иштибоҳ мекунӣ, бисёр сахту душвор аст, ки ба иштибоҳи худат эътироф кунӣ.
Қаламонлайн