Посухи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Адаб

Посухи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ

Дар аҳволи Хоҷа Насируддини Тӯcӣ овардаанд: шахсе ба хидмати Хоҷа омад ва навиштае аз як одам тақдими вай кард, ки дар он навишта ба Хоҷа бисёр носазо гуфта ва дашном дода шуда буд ва нависандаи нома Хоҷаро “Калб ибни Калб” (Саг писари Саг) хонда буд.
Хоҷа дар баробари носазоҳои он беадаб, бо забони нарму мулойиме ин гуна посух гуфт:
– Ин ки ӯ маро саг хондааст, дуруст нест, зеро саг аз ҷумлаи чаҳорпоён аст ва хусусиёти саг дар ман нест. Қомати ман рост, танам бепашм ва нотиқу хандонам.
Ва бад-ин гуна ӯро посух гуфт бо ин забони нарм бе он ки калимаи дуруште бар забон ронад ё фиристодаи ӯро биранҷонад.
(Аҳвол-ул-уламо)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳдиди Чин
Абурайҳон Берунӣ ва шоири дарборӣ

Матолиби пурбоздид