Поёни режими Исроил

Таҳлили хабарӣ

Поёни режими Исроил

Оё режими Исроил аҷалаш наздик аст?

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамлаи ахири Исроил ба Сурия ба ин шиддат ва ба як баҳонаи бисёр пуч, воқеан аҷиб аст! Режими Исроил бо ин рафтори аблаҳонаи худ, инак назди давлатҳо ва ҳукуматҳои ҷаҳон ва минтақа низ – илова бар ин ки ба далели қазияи Фаластин назди мардуми ҷаҳон манфур аст – номақбул гардид.

Яъне агар то ҳамин дирӯз андаке “ҷойгоҳ” ва “манзилат” дар назди кишварҳои минтақа хусусан кишварҳои арабӣ дошт, аммо бо ин кораш, дигар дар назди ин ҳукуматҳо низ манфур шуд. Ҷулонӣ ва ҳукуматаш назди ҳукуматҳое чун Саудӣ, Қатар, Аморот, Баҳрайн, Урдун, Мағриб ва куллан кишварҳои арабӣ – ба ҷуз яке ду то – эҳтиром ва ҷойгоҳ дорад ва аз ӯ ҳимоят мекунанд. Онҳо ҳаргиз ва абадан гумон намекарданд, ки Исроил бо Ҷулонӣ якчунин рафторе хоҳад кард, аммо кард.

Исроил бо ин кораш, қабл аз ҳама, “Паймони Иброҳим”-ро гӯр кард ва андак умед ба “сулҳу созиш” бо арабҳои минтақаро аз даст дод. Ман фикр мекунам, Миср низ ба зудӣ паймони Камп-Дэвидро тамомшуда эълон хоҳад кард.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мусоҳибаи як хабарнигор
Мантиқ ва эҳсосот

Матолиби пурбоздид